https://sputnik.tj/20221208/roh-dushanbe-chanak-qisman-basta-1053361691.html
Роҳи Душанбе-Чаноқ қисман баста шуд
Роҳи Душанбе-Чаноқ қисман баста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масири асосие, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад бинобар резиши барфи зиёд барои ҳаракати мудовими ҳама нақлиёт мушкил эҷод кардааст
2022-12-08T10:12+0500
2022-12-08T10:12+0500
2022-12-08T10:21+0500
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032308383_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_70c51662a223443b5fdc95104addd0fc.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти бахши IRS, ки ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи мазкур машғул аст, хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа бориши барфи зиёд идома дошта, маҳдудиятҳо ба мошинҳои вазнин дахл доранд.Бо мақсади бехатар ҳаракат кардани дигар навъҳои нақлиёт ҳаракати мошинҳои боркаш ва ядакдор муваққатан боздошта шудааст. Ширкат аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои наздик дар як қатор манотиқи Тоҷикистон бориши барф дар назар аст.Ҳамчунин ин ниҳод гуфт, ки дар навоҳии кӯҳистонии Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст.Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
https://sputnik.tj/20221208/barfrezi-sard-damo-havo-tojikiston-1053360954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032308383_3:0:754:563_1920x0_80_0_0_13017de2a34f8d4f03d225af70331ddf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ душанбе чаноқ баста
Роҳи Душанбе-Чаноқ қисман баста шуд
10:12 08.12.2022 (Навсозишуда: 10:21 08.12.2022) Масири асосие, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад бинобар резиши барфи зиёд барои ҳаракати мудовими ҳама нақлиёт мушкил эҷод кардааст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти бахши IRS, ки ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи мазкур машғул аст, хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа бориши барфи зиёд идома дошта, маҳдудиятҳо ба мошинҳои вазнин дахл доранд.
"Роҳ аз ҷониби кормандони ширкат беист тоза карда шуда, маводи зиддилағзиш пошида мешавад", - омадааст дар гузориш.
Бо мақсади бехатар ҳаракат кардани дигар навъҳои нақлиёт ҳаракати мошинҳои боркаш ва ядакдор муваққатан боздошта шудааст.
Ширкат аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои наздик дар як қатор манотиқи Тоҷикистон бориши барф дар назар аст.
Ҳамчунин ин ниҳод гуфт, ки дар навоҳии кӯҳистонии Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст.
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.