Барфрезиву сардӣ: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Первый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
Бино ба пешгӯиҳо дар пайи барфрезӣ сардӣ дар баъзе манотиқи кишвар то 11 дараҷа мерасад. Ҳамчунин дар баъзе гӯшаҳо меғ низ фаромаданаш аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Агентии обуҳавуошиносии Тоҷикистон дар кишвар барфрезиву сардиро пешгӯӣ кардааст.
Ба гузориши ин ниҳод дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят баъзан бориши борон ва барф ба амал меояд.
Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Вилояти Суғдро бошад, ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе. 5 декабря 2022 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Барфи аввали Душанбе: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Хатлонро ҳам ҳавои қисман абрнок интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар водиҳо ҳавои асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар водиҳо ҳавои асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1- 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ фаромада, шабона 0+2 ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0