https://sputnik.tj/20221208/omodagii-jiddii-tojiron-tojik-safar-eron-1053370789.html
Омодагии ҷиддии тоҷирони тоҷик барои сафар ба Эрон
Омодагии ҷиддии тоҷирони тоҷик барои сафар ба Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Барои конронси бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат Машҳад аз ҷониби Тоҷикистон гуруҳ таъсис дода шудааст
2022-12-08T14:20+0500
2022-12-08T14:20+0500
2022-12-08T14:20+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
тиҷорат
сармоягузорӣ
машҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Машҳад конфронс бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон гуруҳ таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов ба уҳда дорад.Манбаъ қайд кардааст, ки сафари гуруҳи Тоҷикистон аз 17 то 21 декабр идома хоҳад кард.Ба иттилои манбаъ, 17 декабр миёни ду ҷониб мулоқот дар шакли B2B (business-to-business) доир ба имконоти сармоягузорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад, ки аз ҷониби Палатаи савдои Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, канданиҳои фоиданок ва кишоварзии Эрон ташкил карда шудааст.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар соҳибкорони тоҷик аз як қатор корхонаҳои тахассусии вилоятҳои Хуросони Разавӣ ва Исфаҳон дидан намуда, табодул таҷриба менамоянд.21 декбар дар ҳошияи конфронс намоиши молу маҳсулоти ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он ширкатҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, дар бахши ғизо, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти сузишворӣ иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 5 ва 6 декабр дар Теҳрон нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон Маҳдӣ Сафарӣ, мавзӯҳои гуфтугӯ бахшҳое аз қабили тиҷорат, молия, энергетика, нақлиёт, саноат, хидматрасонии муҳандисӣ, тандурустӣ ва сайёҳиро дарбар гиифтанд.
https://sputnik.tj/20221110/izhori-tasliyat-tojikiston-eron-amali-terroristi-1052747127.html
эрон
машҳад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, тоҷирон, соҳибкорон, гурӯҳ,, таъсис, машҳад
тоҷикистон, эрон, тоҷирон, соҳибкорон, гурӯҳ,, таъсис, машҳад
Омодагии ҷиддии тоҷирони тоҷик барои сафар ба Эрон
Барои конронси бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат Машҳад аз ҷониби Тоҷикистон гуруҳ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Машҳад конфронс бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон гуруҳ таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов ба уҳда дорад.
Манбаъ қайд кардааст, ки сафари гуруҳи Тоҷикистон аз 17 то 21 декабр идома хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, 17 декабр миёни ду ҷониб мулоқот дар шакли B2B (business-to-business) доир ба имконоти сармоягузорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад, ки аз ҷониби Палатаи савдои Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, канданиҳои фоиданок ва кишоварзии Эрон ташкил карда шудааст.
“Дар мулоқот соҳибкорон ва тоҷирони ду кишвар, ки дар соҳоти саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии муҳандисӣ фаъолият доранд,ширкат хоҳанд кард”, - хабар додааст палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар соҳибкорони тоҷик аз як қатор корхонаҳои тахассусии вилоятҳои Хуросони Разавӣ ва Исфаҳон дидан намуда, табодул таҷриба менамоянд.
21 декбар дар ҳошияи конфронс намоиши молу маҳсулоти ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он ширкатҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, дар бахши ғизо, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти сузишворӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 5 ва 6 декабр дар Теҳрон нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон Маҳдӣ Сафарӣ, мавзӯҳои гуфтугӯ бахшҳое аз қабили тиҷорат, молия, энергетика, нақлиёт, саноат, хидматрасонии муҳандисӣ, тандурустӣ ва сайёҳиро дарбар гиифтанд.