https://sputnik.tj/20220407/nurmuhammadov-tojikon-khashm-1047447870.html
Нурмуҳаммадов тоҷиконро ба хашм овард: чӣ шуд?
Нурмуҳаммадов тоҷиконро ба хашм овард: чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони собиқи UFC хашми мухлисони муҳорибаи омехтаи Тоҷикистонро барангехт: онҳо ташкилоти варзишгари собиқро зери танқид гирифтанд
2022-04-07T21:50+0500
2022-04-07T21:50+0500
2022-04-08T13:29+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мма
рақобат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047535_0:0:2669:1501_1920x0_80_0_0_c0ec5367246939342b4d5a71a3780d21.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Мухлисони ММА-и тоҷик муассиси Лигаи "Eagle" FC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танқид карданд. Сабаби норозигӣ ишораи қаҳрамони собиқи UFC ба рақиби нави рус Александр Шлеменко буд, ки қаблан набард бо варзишгари Тоҷикистон Фаридун Одиловро лағв карда буд. "Замоне Шлеменко талош мекард, ки аз Гектор Ломбард қасос бигирад. Оё вақти қасос расидааст?"- чунин паём дар шабакаҳои иҷтимоии "Eagle" FC пайдо шуд.Дар шарҳҳои зери ин навишта ҳаводорони ММА Нурмуҳаммадовро ба беэҳтиромӣ нисбат ба размикори тоҷик муттаҳам кардаанд. "Шумо нисбат ба Одилов беадолатӣ мекунед, бо Шлеменко ҷангро диҳед, бигзор беҳтаринҳо ғалаба кунанд", — навиштааст яке аз мухлисон. Вай ёдовар шуда, ки Нурмуҳаммадов ташкилоташро ҳамчун зинае барои роҳёбӣ ба UFC муаррифӣ кард. Аммо ин ташкилот "барои худиҳо" будааст, таъкид кардааст ӯ. Бархе аз ҳаводорони ин варзиш ба хулосае расидаанд, ки ба Терминатори тоҷик иҷозаи набард ба Шлеменкоро надоданд, зеро медонистанд, ки ӯ чанд баробар пурқувваттар аст ва дар ин набард пирӯз мешавад. Ёдовар мешавем, ки дидори варзишгарон мебоист 1 апрел дар Сочӣ баргузор шавад. Аммо дар авоили моҳи март варзишкори рус бар асари ҷароҳат бардоштан аз мубориза даст кашид. Рақиби Терминатори тоҷик муборизаро лағв кард. Ташкилот ваъда дод, ки барои Одилов рақиби нав пайдо мекунад. Қаблан Терминатори тоҷик гуфта буд, ки бисёриҳо ӯро нодида мегиранд, аз ин рӯ ваъда дода буд, ки барои дифоъ аз унвон ва пирӯзӣ бар Шмеленко омодагии ҷиддӣ мебинад.
https://sputnik.tj/20220318/nabard-odilov-razmikor-tojik-vaqt-nomuayan-1046890974.html
https://sputnik.tj/20220306/harifi-nav-odilov-muayan-1046593116.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047535_0:0:2669:2003_1920x0_80_0_0_cb3baf98182c7ef1f0e3b5a3926180b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нурмуҳаммадов тоҷикон хашм
нурмуҳаммадов тоҷикон хашм
Нурмуҳаммадов тоҷиконро ба хашм овард: чӣ шуд?
21:50 07.04.2022 (Навсозишуда: 13:29 08.04.2022) Қаҳрамони собиқи UFC хашми мухлисони муҳорибаи омехтаи Тоҷикистонро барангехт: онҳо ташкилоти варзишгари собиқро зери танқид гирифтанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Мухлисони ММА-и тоҷик муассиси Лигаи "Eagle" FC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танқид карданд. Сабаби норозигӣ ишораи қаҳрамони собиқи UFC ба рақиби нави рус Александр Шлеменко буд, ки қаблан набард бо варзишгари Тоҷикистон Фаридун Одиловро лағв карда буд.
"Замоне Шлеменко талош мекард, ки аз Гектор Ломбард қасос бигирад. Оё вақти қасос расидааст?"- чунин паём дар шабакаҳои иҷтимоии "Eagle" FC пайдо шуд.
Дар шарҳҳои зери ин навишта ҳаводорони ММА Нурмуҳаммадовро ба беэҳтиромӣ нисбат ба размикори тоҷик муттаҳам кардаанд.
"Шумо нисбат ба Одилов беадолатӣ мекунед, бо Шлеменко ҷангро диҳед, бигзор беҳтаринҳо ғалаба кунанд", — навиштааст яке аз мухлисон.
Вай ёдовар шуда, ки Нурмуҳаммадов ташкилоташро ҳамчун зинае барои роҳёбӣ ба UFC муаррифӣ кард. Аммо ин ташкилот "барои худиҳо" будааст, таъкид кардааст ӯ.
"Шояд аввал набардро ба Фаридун, чуноне ки ваъда дода будед, диҳед?", — суол кардааст як мухлис.
Бархе аз ҳаводорони ин варзиш ба хулосае расидаанд, ки ба Терминатори тоҷик иҷозаи набард ба Шлеменкоро надоданд, зеро медонистанд, ки ӯ чанд баробар пурқувваттар аст ва дар ин набард пирӯз мешавад.
"Ҳайфи шумо. Дар мавриди Шлеменко. Ӯ худаш аз набард канорагирӣ кард, зеро намехоҳад бо Фаридун ё барои камарбанд ҷанг кунад. Ӯ мехоҳад, ки муборизаи гузаранда бошад", - навиштааст як нафари дигар.
Ёдовар мешавем, ки дидори варзишгарон мебоист 1 апрел дар Сочӣ баргузор шавад. Аммо дар авоили моҳи март варзишкори рус бар асари ҷароҳат бардоштан аз мубориза даст кашид.
Рақиби Терминатори тоҷик муборизаро лағв кард. Ташкилот ваъда дод, ки барои Одилов рақиби нав пайдо мекунад.
Қаблан Терминатори тоҷик гуфта буд, ки бисёриҳо ӯро нодида мегиранд, аз ин рӯ ваъда дода буд, ки барои дифоъ аз унвон ва пирӯзӣ бар Шмеленко омодагии ҷиддӣ мебинад.