https://sputnik.tj/20221208/kremlin-qati-nizo-ukraina-zelenskiy-1053375296.html
Кремл: Қатъи низоъ дар Украина аз оқои Зеленский вобаста аст
Кремл: Қатъи низоъ дар Украина аз оқои Зеленский вобаста аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи расмии раисҷумури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки оқои Зеленский хуб медонад, ҷанг кай метавонад дар Украина анҷом ёбад
2022-12-08T15:57+0500
2022-12-08T15:57+0500
2023-02-08T19:46+0500
украина
низоъ
ҷанг
владимир зеленский
дмитрий песков
донбасс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:180:3005:1870_1920x0_80_0_0_af331e2ffc81480bf23f00afbe87cc94.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Владимир Зеленский медонад, агар бихоҳад, ҷанг дар Украина фардо хотима меёбад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.Песков дар шарҳи изҳороти Зеленский дар бораи хатми муноқиша дар соли 2023 ба хабарнигорон гуфт: "Дар ин ҳолат, баҳс метавонад зиёд давом кунад, ки кай ҷанг тамом мешавад. Зеленский медонад, кай ин ҷанг тамом мешавад, агар хоҳад ҳамааш фардо анҷом меёбад".Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Украина Владимир Зеленский дар як паёми видеоӣ бо нашрияи Politico тахмин зажд, ки низоъ дар Украина эҳтимолан соли оянда хотима меёбад."Ман бовар дорам, ки украиниҳо дар соли оянда низ бонуфузтарин хоҳанд буд, аммо дар замони осоишта", - гуфтааст ӯ.Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар гуфт, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина метавонад як раванди тӯлонӣ бошад."Дар бораи раванди тӯлонии натоиҷи як амалиёти вижаи низомӣ, хуб, албатта, ин метавонад як раванди тӯлонӣ бошад. Аммо баъд шумо ёдовар шудед, ки қаламравҳои нав пайдо шуданд. Ин барои Русия натиҷаи муҳим ва як масъалаи ҷиддӣ аст", - гуфт Путин.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
https://sputnik.tj/20221208/zelenskiy-zamon-ehtimoli-poyon-nizo-ukraina-1053362985.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0ae433d1763f4a6d64f1480413a9600.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, кремл, украина, ҷанг, хотима, песков, низоъ, зеленский
русия, кремл, украина, ҷанг, хотима, песков, низоъ, зеленский
Кремл: Қатъи низоъ дар Украина аз оқои Зеленский вобаста аст
15:57 08.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сухангӯи расмии раисҷумури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки оқои Зеленский хуб медонад, ҷанг кай метавонад дар Украина анҷом ёбад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Владимир Зеленский медонад, агар бихоҳад, ҷанг дар Украина фардо хотима меёбад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Песков дар шарҳи изҳороти Зеленский дар бораи хатми муноқиша дар соли 2023 ба хабарнигорон гуфт: "Дар ин ҳолат, баҳс метавонад зиёд давом кунад, ки кай ҷанг тамом мешавад. Зеленский медонад, кай ин ҷанг тамом мешавад, агар хоҳад ҳамааш фардо анҷом меёбад".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Украина Владимир Зеленский дар як паёми видеоӣ бо нашрияи Politico тахмин зажд, ки низоъ дар Украина эҳтимолан соли оянда хотима меёбад.
"Ман бовар дорам, ки украиниҳо дар соли оянда низ бонуфузтарин хоҳанд буд, аммо дар замони осоишта", - гуфтааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар гуфт, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина метавонад як раванди тӯлонӣ бошад.
"Дар бораи раванди тӯлонии натоиҷи як амалиёти вижаи низомӣ, хуб, албатта, ин метавонад як раванди тӯлонӣ бошад. Аммо баъд шумо ёдовар шудед, ки қаламравҳои нав пайдо шуданд. Ин барои Русия натиҷаи муҳим ва як масъалаи ҷиддӣ аст", - гуфт Путин.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."