Зеленский замони эҳтимолии поёни низоъ дар Украинаро гуфт

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
Президенти Украиан аз замони эҳтимолии хатми низоъ гуфт, аммо Русия мегӯяд, ин раванди тӯлонӣ аст ва то дарстёбии аҳдофи гузоштааш меравад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Низоъ дар Украина эҳтимолан соли оянда хотима меёбад.
Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар як паёми видеоӣ бо нашрияи Politico тахмин задааст.
"Ман бовар дорам, ки украиниҳо дар соли оянда низ бонуфузтарин хоҳанд буд, аммо дар замони осоишта", - гуфтааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар гуфт, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина метавонад як раванди тӯлонӣ бошад.
Лавров: Русия дархости музокира бо Украинаро накардааст
"Дар бораи раванди тӯлонии натоиҷи як амалиёти вижаи низомӣ, хуб, албатта, ин метавонад як раванди тӯлонӣ бошад. Аммо баъд шумо ёдовар шудед, ки қаламравҳои нав пайдо шуданд. Ин барои Русия натиҷаи муҳим ва як масъалаи ҷиддӣ аст", - гуфт Путин.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи басиҷи навбатӣ: ниёз нест
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтори низомӣ ва нирӯҳои украинӣ зарба мезананд ва ба санаи 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи ниҳоии амалиёт, ба гуфтаи фармондеҳи олӣ, “озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароите мебошад, ки амнияти худи Русияро кафолат диҳад”.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳушдор дод, ки бо интиқоли силоҳҳои дурпарвози Ғарб ба Украина, аҳдофи ҷуғрофии амалиёти вижа ҳарчи бештар аз хатти феълӣ дуртар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0