https://sputnik.tj/20221207/nebenzya-rusiya-tahdid-bartaraf-1053338116.html
Небензя: Русия таҳдидҳоро бо ҳар воситаи дастрас бартараф мекунад
Небензя: Русия таҳдидҳоро бо ҳар воситаи дастрас бартараф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Русия дар СММ аз он интиқод кард, ки Ғарб дар Украина аъҷубаи зиддирусиро тарбият карда, ба куштори шаҳрвандони худию миллатгароиҳо чашм мепӯшад
2022-12-07T13:01+0500
2022-12-07T13:01+0500
2022-12-07T13:14+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
василий небензя
смм
украина
амният ва мудофиа
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_0:0:2947:1657_1920x0_80_0_0_c805cac48d44e8c2323f26faa88d17ec.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Агар таҳдиде, ки аз Украина бармеояд, аз ҷониби ҷаҳон бартараф нашавад, Русия ин корро бо роҳи низомӣ анҷом медиҳад. Ин ҳарфҳоро намояндаи доимии Русия дар CММ зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ дар тӯли 8 сол дар Украина "як аъҷубаи зидди Русияро парвариш карда, аз ҷиноятҳои даҳшатноки он алайҳи шаҳрвандони худ, куштори мардуми осоишта дар Донбасс, ситоиши ҷинояткорони фашистӣ ва таъқиби аҳолии русзабон чашм мепӯшанд". Небензя таъкид намуд, ки ин интихоби Русия набуда, Маскав барои ҳифзи манофеяш аз тамоми васоили дастрас кор хоҳад бурд. "Ин интихоби онҳост, на аз они мо ва то даме, ки дар Киев ва Ғарб ба худ наоянд, мо бо тамоми усулҳое, ки дар ихтиёр дорем, аз манфиати худ дифоъ хоҳем кард", - илова намуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маскав аз таъмини молию низомии густурдаи Киев интиқод карда, изҳор дошт, ки интиқоли аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ ба Украина ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар ин кишвар таъсире нахоҳад дошт. Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.
https://sputnik.tj/20221206/majoriston-khostor-boznigari-tahrim-rusiya-1053323359.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_16:0:2745:2047_1920x0_80_0_0_dfb8220d0e2ec59a50c416ac83368a14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқод, ғарб, украина, иқдом
интиқод, ғарб, украина, иқдом
Небензя: Русия таҳдидҳоро бо ҳар воситаи дастрас бартараф мекунад
13:01 07.12.2022 (Навсозишуда: 13:14 07.12.2022) Намояндаи Русия дар СММ аз он интиқод кард, ки Ғарб дар Украина аъҷубаи зиддирусиро тарбият карда, ба куштори шаҳрвандони худию миллатгароиҳо чашм мепӯшад
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Агар таҳдиде, ки аз Украина бармеояд, аз ҷониби ҷаҳон бартараф нашавад, Русия ин корро бо роҳи низомӣ анҷом медиҳад.
Ин ҳарфҳоро намояндаи доимии Русия дар CММ зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ дар тӯли 8 сол дар Украина "як аъҷубаи зидди Русияро парвариш карда, аз ҷиноятҳои даҳшатноки он алайҳи шаҳрвандони худ, куштори мардуми осоишта дар Донбасс, ситоиши ҷинояткорони фашистӣ ва таъқиби аҳолии русзабон чашм мепӯшанд".
Небензя таъкид намуд, ки ин интихоби Русия набуда, Маскав барои ҳифзи манофеяш аз тамоми васоили дастрас кор хоҳад бурд.
"Ин интихоби онҳост, на аз они мо ва то даме, ки дар Киев ва Ғарб ба худ наоянд, мо бо тамоми усулҳое, ки дар ихтиёр дорем, аз манфиати худ дифоъ хоҳем кард", - илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маскав аз таъмини молию низомии густурдаи Киев интиқод карда, изҳор дошт, ки интиқоли аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ ба Украина ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар ин кишвар таъсире нахоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.