Лавров: Ҷаҳонишавӣ бо хостаҳои амрикоӣ поён ёфт

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия аз поёни низоми ҷаҳонишавӣ ба сабки амрикоиҳо эълон кард, ки ба гуфтаи ӯ ҳар чизеро, ки ба манфиаташон нест, зуд тағйир медоданд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Маскав аз вазъи кунунии равобити байналмилалӣ фоҷиа намесозад, ин барои Ғарб фоҷиа аст, изҳор дошт вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров.
"Мо аз вазъияти кунунӣ фоҷиа намесозем, фикр мекунам, ин фоҷиа барои тамаддуни Ғарб, барои низоми ғарбии ташаккули ҷаҳон аст", - гуфт Лавров зимни ҳамоиши хонишҳои Примаков.
Вай таъкид намуд, ки низоми ташаккули ҷаҳон бар пояҳои пешниҳодкардаи "ҷаҳонишавӣ", ки амрикоиҳо пешниҳод кардаанд, куллан корношоям буда, музокиранопазирии худро собит намуд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Лавров: Русия дархости музокира бо Украинаро накардааст
Бар асоси ин шева, ба гуфтаи Лавров агар фардо маълум шавад, ки чизе ба суди Вашингтон нест, онҳо фавран бидуни фикр дар бораи оқибатҳои ону ҳатто иттифоқчиёни худ, бархӯрдҳои навро роҳандозӣ мекунанд.
Вазир афзуд, ки баъзе равандҳои боқимондаи ин низом ҳатман аз сар гузаронида мешаванд, аммо дар баробари ин системаҳои нав - ҳам молиявӣ ва ҳам логистикӣ дар ҳоли ташаккул аст, ки орӣ аз эҳсоси бартарии шарикони собиқи ғарбии мо мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ изҳор дошт, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти ҷиддие ба вуқуъ мепайвандад, ки ҷаҳон дар ҳоли бисёрқутбӣ шудан аст.
Осиё бошад, дар ин ҷо нақши хеле назаррас ва муҳим, агар калидӣ набошад, мебозад, ки марказҳои нави қудрат қавитар мешаванд, гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0