Генералҳои тоҷик бо ҳамтоён аз СААД мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ карданд

© Дафтари матбуоти ВУД ТоҷикистонМуовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, генерал Акбар Насимзода ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВУД ҶТ, генерал Ҳусейн Халилзода
Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, генерал Акбар Насимзода ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВУД ҶТ, генерал Ҳусейн Халилзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
Дар ҷаласаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2 генерали тоҷик низ иштирок кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Шаҳри Ереван мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуд.
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур муовини вазири умури дохилии ҶТ, генерал Акбар Насимзода ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, генерал Ҳусейн Халилзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Раёсати ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозро муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал - полковник Александр Горовой ба уҳда доштаст.
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Акбар Насимзода изҳор доштааст, ки раванди муҳоҷират мураккаб буда, талошҳои муштаракро дар талаб дорад.
"Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем", -зарур хонд генерали тоҷик.
Рейд МВД Душанбе по проверке соблюдения спецрежима, введенного в Таджикистане из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
"Рейд" алайҳи ҳузури ғайриқонунии хориҷиҳо дар Тоҷикистон
Вай дар идома номбар кардааст, ки кишварҳои узви СААД бояд дар кадом самтҳо табодули иттилою ҳамкориро таҳким бахшанд.
Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти муштарак мехоҳад, изҳор доштаст Акбарзода.
Кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои дигари асосии фаъолияти муштарак мебошанд, таъкид намуд ӯ.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи дахлдор имзо карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0