https://sputnik.tj/20221206/qarz-khoriji-tojikiston-dollar-beshtar-1053301654.html
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 4 млрд доллар бештар мешавад: пешбинии ҳукумат
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 4 млрд доллар бештар мешавад: пешбинии ҳукумат
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди пардохти қариб 1 млрд доллари амрикоӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 3 соли оянда, интизор меравад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 4 млрд доллар кам нахоҳад шуд
2022-12-06T10:20+0500
2022-12-06T10:20+0500
2022-12-06T11:13+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
парлумон
ҳукумат
қарзҳо
хориҷӣ
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 афзоиш ёфта, интизор меравад, ки ба ҳолати охири сол аз ҳадди 4 млрд доллари амрикоӣ бештар шавад. Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд. Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд. Давоми соли 2024 коҳиши қарзи хориҷӣ пешбинӣ шудааст ва аллакай ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 қарзи берунаи кишвар муодили 4,05 млрд доллари амрикоӣ хоҳад шуд, ки баробари 37,2%-и ММД дар он вақт арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.Аз ҷумла соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар муқаррар гардидаст. Қаблан хабар дода шуд, ки барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар соли оянда дар маҷмуъ соли оянда 3,4 млрд сомонӣ равона мегардад. Тавзеҳ дода шудаст, ки пардохти 2,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 млн сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20221202/tojikiston-mlrd-dollar-digar-qarz-1053228881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешбинӣ, афзоиш, қарз, хориҷӣ, тоҷикистон
пешбинӣ, афзоиш, қарз, хориҷӣ, тоҷикистон
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 4 млрд доллар бештар мешавад: пешбинии ҳукумат
10:20 06.12.2022 (Навсозишуда: 11:13 06.12.2022) Бо вуҷуди пардохти қариб 1 млрд доллари амрикоӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 3 соли оянда, интизор меравад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 4 млрд доллар кам нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 афзоиш ёфта, интизор меравад, ки ба ҳолати охири сол аз ҳадди 4 млрд доллари амрикоӣ бештар шавад.
Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.
Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.
Давоми соли 2024 коҳиши қарзи хориҷӣ пешбинӣ шудааст ва аллакай ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 қарзи берунаи кишвар муодили 4,05 млрд доллари амрикоӣ хоҳад шуд, ки баробари 37,2%-и ММД дар он вақт арзёбӣ мегардад.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар муқаррар гардидаст.
Қаблан хабар дода шуд, ки барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар соли оянда дар маҷмуъ соли оянда 3,4 млрд сомонӣ равона мегардад. Тавзеҳ дода шудаст, ки пардохти 2,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 млн сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ дар назар аст.