Тоҷикистон 1,5 млрд доллари дигар қарз мегирад

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Ин ҳаҷми қарз дар доираи 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, барои бахшҳои буҷавӣ, энергетика, таъминоти об, хоҷагии кишоварзӣ равона мегардад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тоҷикистон азм дорад, дар 3 соли оянда ҳудуди 1,5 млрд доллар қарзи хориҷӣ ҷалб намояд.
Ба иттилои масъулин маблағе, ки дар 3 соли оянда ҷалб мешавад, ба татбиқи 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ равона мегардад. Лоиҳаҳо аз ҷумла дар бахши энергетикаю нақлиёт амалӣ мегарданд.
Ин дар ҳолест, ки то охири соли ҷорӣ дар доираи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ баимзорасии созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи 434,5 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни як ҳисобот ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ хабар дода буд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард
Ба гуфтаи ӯ, маблағи иловагӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб карда шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монда шудаст.
Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 млн доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди 92%-аш ба грант рост меояд.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ баста шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллари амрикоӣ равона гардидаанд.
Аз маблағе, ки дар доираи 9 созишнома ҷалб шудааст, наздики 298 млн доллар ва ё 92% грант мебошад. Ҳудуди 19 млни дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 млн доллар каме бештар аз 2% саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад, тавзеҳ доданд масъулини молия.
Лентаи хабарҳо
0