Чор голи Бразилия дар 36 дақиқа: ду иштирокдори дигари чорякниҳоии ҶҶ-2022 муайян шуданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБолельщики сборной Бразилии на чемпионате мира по футболу
Болельщики сборной Бразилии на чемпионате мира по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Бразилия дар даври ҳаштякниҳоӣ Кореяи Ҷанубиро голборон кард, аммо зӯрозмоии Ҷопону Хорватия барои роҳхат ба даври чорякниҳоӣ то зарбаҳои 11-метрӣ расид
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Тими миллии Бразилия бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёфт.
Бразилияиҳо, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон дар таърихи худ бори дуюм дар нимаи аввали вохӯрӣ, дақиқтараш дар 36 дақиқаи аввал ба дарвозаи ҳариф 4 гол ворид карданд. Дар нимаи дувуми бозӣ тими миллии Кореяи ҷанубӣ тавонист бо як гол посух гӯяд.
Ҳамин тариқ, ин бозӣ барои тими миллии футболи Бразилия дар қаҳрамониҳои ҷаҳон 113-ум буда, даста аз рӯи шумораи бозӣ дар Ҷоми ҷаҳон рекорд гузошт. Намояндаҳои Амрикои лотинӣ дастаи Олмонро, ки дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 112 бозиро анҷом додаст, пеш гузаштанд.
Игрок сборной Франции Килиан Мбаппе радуется забитому мячу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Франции и Австралии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Мбаппе беҳтарин нишонзан: 2 иштирокдори дигари даври чорякниҳоӣ маълум шуд
Ҳамлагари тими миллии Бразилия Неймар аз рӯи натоиҷи овоздиҳӣ дар сомонаи ФИФА беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.
Дар бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ тими Ҷопон дар зарбаҳои 11-метрӣ аз тими Хорватия шикаст хӯрд. Вақти асосии бозӣ ва изофӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта, дар зарбаҳои пеналтӣ хорватҳо бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Дарвозабони хорват, Доминик Ливакович, ки се зарбаро аз нуқтаи ҷаримавии 11-метрӣ гардонд, беҳтарин дониста шуд.
Ҳамин тариқ тими Хорватия 9 декабр бо Бразилия вориди сабқат хоҳад шуд. Ҳамчунин тими Нидерландия бо Аргентина рӯзи 9 декабр ва Фаронса бо Инглистон 10 декабр зӯрозмоӣ мекунанд.
Охирин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 6 декабр миёни Марокашу Испания ва Португалияю Швейтсария баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0