Мбаппе беҳтарин нишонзан: 2 иштирокдори дигари даври чорякниҳоӣ маълум шуд

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкИгрок сборной Франции Килиан Мбаппе радуется забитому мячу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Франции и Австралии
Игрок сборной Франции Килиан Мбаппе радуется забитому мячу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Франции и Австралии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Дар рӯзи 15-уми Ҷоми Ҷаҳон-2022 ду иштирокдори дигари даври чорякниҳоӣ маълум шуданд. Феълан ба ин давр Фаронса, Лаҳистон, Инглистон ва Аргентина роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Ҷоми ҷаҳон-2022 бозиҳои дуюму сеюми даври ҳаштякниҳоӣ баргузор шуданд. Дар ин давр қаҳрамони феълӣ - Фаронса бар Лаҳистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.
Қаҳрамони ин бозӣ ҳамлагари "Пари Сен-Жермен", Килиан Мбаппе шуд, ки дар қисмати аввали бозӣ партоби голзоро сӯи Оливе Жиру анҷом дод. Жиру бо голи мазкур аз Тери Анри, ки 51 гол дошт, гузашта, бо 52 гол беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби миллии Фаронса шуд.
Мбаппе дар даври дуюми бозӣ бо Лаҳистон 2 голро ба ҳадаф расонда, бо 5 гол беҳтарин нишонзани Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар ҳоли ҳозир арзёбӣ мегардад.
Дар бозии дигари рӯз тими Инглистон мунтахаби Сенегалро бо ҳисоби 3:0 голборон кард. Голҳоро Ҷордан Хендерсон, Харри Кейн ва Букайо Сака ба ҳадаф расонданд.
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Футболбози беларусӣ мехоҳад шаҳрванди Тоҷикистон шавад
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Ҷоми ҷаҳон-2022 нахустин бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ анҷом ёфта буданд. Нидерландия бар ИМА бо ҳисоби 3:1 ва Аргентина бар Австралия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар назар аст, Нидерландия бо Аргентина рӯзи 9 декабр ва Фаронса бо Инглистон 10 декабр вориди майдон шаванд.
Иштирокдорони дигари чорякниҳоӣ рӯзи 5 декабр дар пайи сабқати Ҷопону Хорватия ва Бразилияю Кореяи Ҷанубӣ муайян хоҳанд шуд.
Охирин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 6 декабр миёни Марокашу Испания ва Португалияю Швейтсария дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0