https://sputnik.tj/20221206/afzoish-kisht-khashkhosh-afghoniston-tolibon-1053298455.html
Афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон таҳти ҳукумати толибон
Афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон таҳти ҳукумати толибон
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз афзоиши 32 дарсадии кишти хашхош дар Афғонистон дар миқёси соли 2021 хабар до
2022-12-06T09:00+0500
2022-12-06T09:00+0500
2022-12-06T09:00+0500
афғонистон
кишт
маводи мухаддир
толибон
смм
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047025261_0:257:2049:1409_1920x0_80_0_0_cc620db9493d7280c9341629069dd8aa.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дафтари намояндагии СММ дар Кобул ахиран эълом кард, ки мушкили бузурги маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашуда монда ва ин кишвар тавлидкунанда 85 дарсади тарёк дар ҷаҳонаст.СММ ҳамчунин бо ишора ба дидори Роза Атанбаева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо Абдулҳақ Охунд, масъули мубориза бо маводи мухаддир дар вазорати дохилаи давлати муваққати толибон, мамнӯъияти маводи мухаддир, дармони муътодон, таваққуфи тавлиди тирёк, огоҳии бахше дар мавриди зиёни маводи мухаддир ва ёфтан машоғиле ба ҷои тавлиду фурӯши маводи мухаддирро меҳвари аслӣ ин гуфтугӯ эълом кард.Толибони апрели соли 2022 кишти хашхошу тавлиди соири маводи мухаддирро мамнӯъ эълом кард. Аммо дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) дар охирин гузориши худ аз афзоиши кишти хашхош дар соли 2022 дар Афғонистон ва афзоиши се баробарии қимати тирёки пас аз мамнӯъияти кишти хашхош дар Афғонистон хабар дод.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20221102/afghoniston-dom-balo-afzoish-kisht-istehsol-geroin-1052581852.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047025261_0:65:2049:1601_1920x0_80_0_0_26a3cbeb778bdbfc9c90b02be12b66f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, афзоиш, тавлид, маводи мухаддир, ҳукумат, хашхош, кишт
афғонистон, толибон, афзоиш, тавлид, маводи мухаддир, ҳукумат, хашхош, кишт
Афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон таҳти ҳукумати толибон
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз афзоиши 32 дарсадии кишти хашхош дар Афғонистон дар миқёси соли 2021 хабар до
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дафтари намояндагии СММ дар Кобул ахиран эълом кард, ки мушкили бузурги маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашуда монда ва ин кишвар тавлидкунанда 85 дарсади тарёк дар ҷаҳонаст.
СММ ҳамчунин бо ишора ба дидори Роза Атанбаева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо Абдулҳақ Охунд, масъули мубориза бо маводи мухаддир дар вазорати дохилаи давлати муваққати толибон, мамнӯъияти маводи мухаддир, дармони муътодон, таваққуфи тавлиди тирёк, огоҳии бахше дар мавриди зиёни маводи мухаддир ва ёфтан машоғиле ба ҷои тавлиду фурӯши маводи мухаддирро меҳвари аслӣ ин гуфтугӯ эълом кард.
Толибони апрели соли 2022 кишти хашхошу тавлиди соири маводи мухаддирро мамнӯъ эълом кард. Аммо дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) дар охирин гузориши худ аз афзоиши кишти хашхош дар соли 2022 дар Афғонистон ва афзоиши се баробарии қимати тирёки пас аз мамнӯъияти кишти хашхош дар Афғонистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.