https://sputnik.tj/20221128/tojikiston-uzbekiston-jinoyat-iqtisodi-korrupsiya-muboriza-1053121455.html
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия якҷо мубориза мебаранд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия якҷо мубориза мебаранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бар тақвияти ҳамкорӣ барои муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд
2022-11-28T15:55+0500
2022-11-28T15:55+0500
2022-11-28T15:55+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
муқовимат
коррупсия
созишнома
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053121298_0:0:641:361_1920x0_80_0_0_ba5bc38ee5cd1f2bf400546a2370d166.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, иттилоъ додааст Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.Манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. "Дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд", - зикр кардааст Агентӣ.Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.
https://sputnik.tj/20221024/farmon-prezident-taghyirot-kadri-agenti-korrupsiya-1052377531.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053121298_25:0:588:422_1920x0_80_0_0_54c90d70a5158283b5096847ebd387ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, ҷинояти иқтисодӣ, коррупсия, мубориза, таваҷҷуҳ
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, ҷинояти иқтисодӣ, коррупсия, мубориза, таваҷҷуҳ
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия якҷо мубориза мебаранд
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бар тақвияти ҳамкорӣ барои муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, иттилоъ додааст Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.
Манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
"Дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд", - зикр кардааст Агентӣ.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.