https://sputnik.tj/20221205/izhorot-rohbaroni-parlumon-saad-siloh-hastai-zahrdor-1053287372.html
Изҳороти роҳбарони парлумонҳои СААД алайҳи силоҳи биологию заҳрдор
Изҳороти роҳбарони парлумонҳои СААД алайҳи силоҳи биологию заҳрдор
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши хатарҳои коркарду корбурди силоҳи биологиро мояи нигаронӣ хондаанд
2022-12-05T17:35+0500
2022-12-05T17:35+0500
2022-12-05T17:35+0500
саад
ҳамкорӣ
аслиҳа
амният ва мудофиа
вячеслав володин
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046714538_0:181:2963:1848_1920x0_80_0_0_1aa9233fb8897734dd2d5e80551e4bc8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД изҳорот дар мавриди роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологию заҳрдорро қабул намуданд. Бар асоси изҳороти қабулшуда, масъулини парлумонҳо ба риояи қатъии Конвенсияи Женева дар мавриди мамнуъ будани истифодаи газҳои буғикунандаю заҳрдор ва васоили бактериологӣ аз соли 1925-ро таъкид намуда, зарур хондаанд, ки ҳар гуна шарту қайд дар ин маврид лағв гардад. "Мо ҷонибдори худро аз ҷаҳони бидуни силоҳи биологӣ изҳор менамоем ва кишварҳои узви СААД дар ҳамоҳангӣ барои татбиқи бечунучарои Конвенсия дар фазои Созмон ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар ин бахш нерӯҳои худро муштаракан равона мекунанд", - омадааст дар изҳорот. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Маскав ҷаласаи роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД ҷараён дорад. Аз Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ - СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад.Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд.Роҳбарии Ассамблеяи парламентии СААД-ро, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин ба уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20221205/takid-rustam-emomali-vyacheslav-volodin-tahkimi-ravobit-1053287866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046714538_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_78d4318307fdbd7157ed8d0ba6c287ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, силоҳ, биологӣ, саад
ҳушдор, силоҳ, биологӣ, саад
Изҳороти роҳбарони парлумонҳои СААД алайҳи силоҳи биологию заҳрдор
Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши хатарҳои коркарду корбурди силоҳи биологиро мояи нигаронӣ хондаанд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД изҳорот дар мавриди роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологию заҳрдорро қабул намуданд.
Бар асоси изҳороти қабулшуда, масъулини парлумонҳо ба риояи қатъии Конвенсияи Женева дар мавриди мамнуъ будани истифодаи газҳои буғикунандаю заҳрдор ва васоили бактериологӣ аз соли 1925-ро таъкид намуда, зарур хондаанд, ки ҳар гуна шарту қайд дар ин маврид лағв гардад.
"Мо ҷонибдори худро аз ҷаҳони бидуни силоҳи биологӣ изҳор менамоем ва кишварҳои узви СААД дар ҳамоҳангӣ барои татбиқи бечунучарои Конвенсия дар фазои Созмон ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар ин бахш нерӯҳои худро муштаракан равона мекунанд", - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Маскав ҷаласаи роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД ҷараён дорад.
Аз Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ - СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд.
Роҳбарии Ассамблеяи парламентии СААД-ро, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин ба уҳда дорад.