https://sputnik.tj/20221204/nigaronii-maqomoti-shahri-kulob-az-bemorihoi-siroyati-va-zahroludshavi-1053264571.html
Нигаронии мақомоти шаҳри Кӯлоб аз бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ
Нигаронии мақомоти шаҳри Кӯлоб аз бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Кӯлоб корҳои эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ тақвият меёбанд
2022-12-04T12:20+0500
2022-12-04T12:20+0500
2022-12-04T12:20+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
шаҳр
сироят
пешгирӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031943728_0:136:2937:1788_1920x0_80_0_0_3c71259cff81a5ba01c905642639843b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаҳаи тандурустӣ корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ пурзӯр мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Иттилоъ дода шудааст, ки кормандони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб ба сокинон тарзи дурусти ҳаёти солимро фаҳмонида, омилҳои гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавиро шарҳ медиҳанд.Мудири Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб Саидмуъмин Бобохоҷаев гуфтааст, ки барои дуруст омода кардани хӯришҳо дар шароити хона ҳама вақт зарур аст, ки аҳолӣ қоидаҳои санитариро риоя намояд.“Пеш аз ҳама, шустани дастон бо собун, тозаю покиза кардану безараргардондани зарфҳои шишагин зарур аст. Инчунин маводҳои ғизоиро бо оби тоза ва аз ҷӯшмонда шустан лозим аст, ки чунин раванд микробактерияҳои заҳролудро нобуд сохта, зарфҳо ва маводҳои хӯришҳоро тоза нигоҳ медорад”, - гуфт ӯ.Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки дар баробари омода кардани хӯриши меваҷот ва сабзавот бояд маҳсулоти тозаи беиллатро истифода бурд, чунки маҳсулоти нуқсдор низ боиси вайроншавӣ ва дар натиҷаи он сар задани бемориҳо шуда метавонад.Зикр гардидааст, ки барои пешгирии чунин бемориҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, маркази санитарию эпидимологӣ, ҳамчунин кормандони маркази ташакулли тарзи ҳаёти солими шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҳамеша корҳои оммафаҳмониро миёни аҳолӣ пурзӯр намуда, миёни сокинон варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии он паҳн намуданд.
https://sputnik.tj/20220729/omodagii-khatlon-koronavirus-viloyat-1050347983.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031943728_186:0:2751:1924_1920x0_80_0_0_5466be21130e4dae76f0f72c4d5dfa69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, шаҳр, нигаронӣ, беморӣ, сироятӣ, заҳролудшавӣ
тоҷикистон, кӯлоб, шаҳр, нигаронӣ, беморӣ, сироятӣ, заҳролудшавӣ
Нигаронии мақомоти шаҳри Кӯлоб аз бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ
Шаҳрдори Кӯлоб корҳои эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаҳаи тандурустӣ корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ пурзӯр мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Иттилоъ дода шудааст, ки кормандони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб ба сокинон тарзи дурусти ҳаёти солимро фаҳмонида, омилҳои гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавиро шарҳ медиҳанд.
Мудири Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб Саидмуъмин Бобохоҷаев гуфтааст, ки барои дуруст омода кардани хӯришҳо дар шароити хона ҳама вақт зарур аст, ки аҳолӣ қоидаҳои санитариро риоя намояд.
“Пеш аз ҳама, шустани дастон бо собун, тозаю покиза кардану безараргардондани зарфҳои шишагин зарур аст. Инчунин маводҳои ғизоиро бо оби тоза ва аз ҷӯшмонда шустан лозим аст, ки чунин раванд микробактерияҳои заҳролудро нобуд сохта, зарфҳо ва маводҳои хӯришҳоро тоза нигоҳ медорад”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки дар баробари омода кардани хӯриши меваҷот ва сабзавот бояд маҳсулоти тозаи беиллатро истифода бурд, чунки маҳсулоти нуқсдор низ боиси вайроншавӣ ва дар натиҷаи он сар задани бемориҳо шуда метавонад.
Зикр гардидааст, ки барои пешгирии чунин бемориҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, маркази санитарию эпидимологӣ, ҳамчунин кормандони маркази ташакулли тарзи ҳаёти солими шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҳамеша корҳои оммафаҳмониро миёни аҳолӣ пурзӯр намуда, миёни сокинон варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии он паҳн намуданд.