https://sputnik.tj/20221204/imzoi-sozishnoma-hamkori-akademiya-donishgoh-maskav-1053266648.html
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи Маскав
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ таъкид карданд
2022-12-04T14:50+0500
2022-12-04T14:50+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
имзо
созишнома
ҳамкорӣ
маориф
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_0:5:1201:680_1920x0_80_0_0_0d0f93c73044ed6a7ac1c906817f34f6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав ба номи О. Кутафини Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, маросими имзои созишнома бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав Виктор Блажеев ва Ректори Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода баргузор гардид.Дар маросими имзои санад тарафҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳама гуна иқдомҳои тарафайнро қобили дастгирӣ ҳисобиданд.Дар доираи созишномаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ-омӯзишӣ дар бораи тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, гузаронидани маърӯза-семинарҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои мубрам, таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, дар назр аст.Ҳамчунин дар доираи созишнома масъалаҳои сиёсати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, кори иҷтимоӣ, ташкил намудани коромӯзии дуҷониба барои ҳайати профессорон ва омӯзгорон, кормандони илмӣ ва маъмурӣ, мубодилаи ҳайати профессорон ва омӯзгорон, мубодилаи мақолаҳо ва нашрияҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо ва суҳбатҳои “мизи мудаввар” баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20221125/sohibkoron-viloyat-qurgon-rusiya-tojikiston-1053067893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e4ae9f7fdcdc11332728aca8a692ab4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, маскав, созишнома, имзо, муштарак, маориф
тоҷикистон, русия, маскав, созишнома, имзо, муштарак, маориф
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи Маскав
14:50 04.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав ба номи О. Кутафини Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, маросими имзои созишнома бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав Виктор Блажеев ва Ректори Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода баргузор гардид.
Дар маросими имзои санад тарафҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳама гуна иқдомҳои тарафайнро қобили дастгирӣ ҳисобиданд.
Дар доираи созишномаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ-омӯзишӣ дар бораи тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, гузаронидани маърӯза-семинарҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои мубрам, таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, дар назр аст.
Ҳамчунин дар доираи созишнома масъалаҳои сиёсати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, кори иҷтимоӣ, ташкил намудани коромӯзии дуҷониба барои ҳайати профессорон ва омӯзгорон, кормандони илмӣ ва маъмурӣ, мубодилаи ҳайати профессорон ва омӯзгорон, мубодилаи мақолаҳо ва нашрияҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо ва суҳбатҳои “мизи мудаввар” баргузор мегардад.