Соҳибкорони вилояти Қурғони Русия ба Тоҷикистон омаданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Намояндагони чор корхонаи вилояти Курғони Русия ба Точикистон омаданд. Онҳо бо ҳадафи тиҷоратӣ ба шаҳри Бохтар сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Намояндагони корхонаҳои “Темпер Рус” (савдои таҷҳизоти сантехникӣ ва гармидиҳӣ, арматураҳои санитарӣ ва ғ.), корхонаи “Заурал-лес” (савдои чубу тахта ва ғайра) ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Агентии сармоягузории вилояти Қурғони Русия.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо намояндагони корхонаҳои ин минтақа соҳибкорони инфиродӣ низ ҳамроҳ шудаанд. Александр Айвазов, соҳибкори рус дар соҳаи савдои чубу тахта ва Олег Колташов, соҳибкоре, ки ба фурӯши ғалла машғул аст вориди шаҳри Бохтар шуданд.
Ба хайати вакилон президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Курғон Илья Назаренко низ ҳамроҳ шудааст.
“Мо барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар кардем, зеро дар ҳоли ҳозир, аз минтақа ба ин самт танҳо содироти чӯбу тахта имконпазир аст. Ҳамзамон корхонаҳои мо имкон доранд, маҳсулоти бештар пешниҳод намоянд. Мо метаовнем ба Тоҷикистон таҷҳизот барои гармидиҳӣ, таъмини газ ва об, инчунин таҷҳизоти махсус ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод намоем, - гуфт Иля Назаренко.
 Посол России в Таджикистане Семен Григорьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Сафири Русия: Дар Тоҷикистон Русияро дӯст медоранд, дар ин ҷо русбадбинӣ нест
Соҳибкорони вилояти Курғон аз корхонаҳои истехсолӣ, биржаи алоқаҳои тиҷорӣ ва Утоқи бозаргонии Русия дар Тоҷикистон дидан карданд.
Таъкид шудааст, ки соҳибкорони вилояти Қурғон аз Тоҷикистон ба хотири тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки табодули коло миёни Русия ва кишварҳои дигари ИДМ дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 ба 73 млрд доллар расид.
Ба гуфтаи вай, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7% бештар аст. Қисми назарраси гардиши мол ба се шарики асосии Русия дар ИДМ рост меояд.
Аз ҷумла бо Беларус - 31 млрд доллар бо афзоиш 9%, Қазоқистон – 20 млрд доллар бо афзоиши 9% ва Ӯзбекистон – 6 млрд доллар бо афзоиши 36%-ӣ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0