https://sputnik.tj/20221203/somon-muhammadrahim-judo-jopo-1053250254.html
Сомону Муҳаммадраҳимро ҷудокорони ҷопонӣ шикаст доданд
Сомону Муҳаммадраҳимро ҷудокорони ҷопонӣ шикаст доданд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи аввали мусобиқаи "Tokyo Grand Slam 2022" барои ҷудокорони тоҷик бебарор оғоз ёфт. Ҳар ду варзишгари тоҷикро ҷудокорони ҷопонӣ мағлуб карданд 03.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-03T14:35+0500
2022-12-03T14:35+0500
2022-12-03T14:35+0500
дар тоҷикистон
дзюдо
сомон маҳмадбеков
муҳаммадраҳим сарахонов
токио
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051626392_0:15:680:398_1920x0_80_0_0_8d64e1d17d0099a5004f9c647308c7f2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рӯзи аввали мусобиқаи Тоскулоҳи бузург шикаст хӯрданд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.Бар хабари манбаъ, Муҳаммадраҳим Сарахонов бар рақиби аввалаш дастболо шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Ҳарифи навбатии ӯ варзишгари ҷопонӣ буд, ки тавонист ҷудокори тоҷикро аз идомаи сабқат дар мусобиқаи мазкур маҳрум кунад.Зимнан, Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм ҳарифи бразилиягии худро шикаст дод ва ба даври баъд гузашт. Вале дар даври баъдӣ Маҳмадбеков низ аз дасти ҷудокори ҷопонӣ шикаст хӯрд.Ҳамакнун ягона умеди Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ мебошад,ки рӯзи 4 декабр вориди майдони рақобат мешавад. Нуралӣ дар даври аввал озод буда, ҳарифи ӯ дар даври дуюм ҷудокори ҷопонӣ аст.Ёдовар мешавем, ки Тоскулоҳи бузург дар Токио ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа 346 ҷудокор аз 56 давлати дунё иштирок доранд.Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизаи мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо 5000 евро барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евроро ба даст меоранд.Ҳамчунин, ҷудокороне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Ҷудокороне, ки нишони тиллоро ба даст меоранд 1000-имтиёз, нишони нуқра 700-имтиёз ва нишони биринҷӣ 500-имтиёз инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20221130/pahlavon-tojik-toskuloh-buzurgi-jopon-1053176640.html
токио
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051626392_66:0:615:412_1920x0_80_0_0_72f969544d8d2e8dc6d59ccd4e709454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дзюдо, сомон маҳмадбеков, муҳаммадраҳим сарахонов, токио, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, дзюдо, сомон маҳмадбеков, муҳаммадраҳим сарахонов, токио, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Сомону Муҳаммадраҳимро ҷудокорони ҷопонӣ шикаст доданд
Рӯзи аввали мусобиқаи "Tokyo Grand Slam 2022" барои ҷудокорони тоҷик бебарор оғоз ёфт. Ҳар ду варзишгари тоҷикро ҷудокорони ҷопонӣ мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рӯзи аввали мусобиқаи Тоскулоҳи бузург шикаст хӯрданд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, Муҳаммадраҳим Сарахонов бар рақиби аввалаш дастболо шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Ҳарифи навбатии ӯ варзишгари ҷопонӣ буд, ки тавонист ҷудокори тоҷикро аз идомаи сабқат дар мусобиқаи мазкур маҳрум кунад.
Зимнан, Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм ҳарифи бразилиягии худро шикаст дод ва ба даври баъд гузашт. Вале дар даври баъдӣ Маҳмадбеков низ аз дасти ҷудокори ҷопонӣ шикаст хӯрд.
Ҳамакнун ягона умеди Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ мебошад,ки рӯзи 4 декабр вориди майдони рақобат мешавад. Нуралӣ дар даври аввал озод буда, ҳарифи ӯ дар даври дуюм ҷудокори ҷопонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Тоскулоҳи бузург дар Токио ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа 346 ҷудокор аз 56 давлати дунё иштирок доранд.
Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизаи мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо 5000 евро барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евроро ба даст меоранд.
Ҳамчунин, ҷудокороне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Ҷудокороне, ки нишони тиллоро ба даст меоранд 1000-имтиёз, нишони нуқра 700-имтиёз ва нишони биринҷӣ 500-имтиёз инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.