Дар Душане барфи аввал меборад: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Обуна шудан
Дамои ҳаво дар ғарби ВМКБ 5 дараҷа, дар вилоятҳои Суғду Хатлон - 6 ва12 дараҷа ва дар Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он то 11 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯи шуда, бориши барфу борон дар баъзе ноҳияҳо ба амал меояд. Ҳамзамон дар Душанбе шаб барфи аввал хоҳад борид, иттилоъ медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол бо суръати то 10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва шабона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо барф борида, рӯзона асосан бебориш аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Маълум шуд, ки ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар буда, танҳо шабона борон бо гузариш ба барфи тар ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0