https://sputnik.tj/20221203/covid-mayna-navrason-pir-kard-olimon-1053248434.html
COVID майнаи наврасонро пир кард - олимон
COVID майнаи наврасонро пир кард - олимон
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан чунин тағйирот дар мағзи сар танҳо дар кӯдаконе рух медод, ки талоқи волидайн ва ё таҷовузро аз сар гузаронидаанд
2022-12-03T11:34+0500
2022-12-03T11:34+0500
2022-12-03T11:34+0500
дар ҷаҳон
коронавирус
тандурустӣ
наврасон
олимон
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156229_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_1f6c0fa8cacc13ea5e70406ee05d940a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Олимон мегӯянд, мағзи наврасоне, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд ва онро паси сар кардаанд, ба таври ғайримуқаррарӣ ба камол расидааст, менависад News.stanford. Мағзи ноболиғоне, ки пас аз пандемия санҷида шуданд, назар ба ҳамсолони онҳо, ки қабл аз сар задани пандемия тафтиш шуда буданд, чанд сол калонтар буданд. То кунун чунин тағйироти босуръат дар “синни мағзи сар” танҳо дар кӯдаконе мушоҳида мешуд, ки бо мушкилоти равонии музмин, аз қабили талоқ ё таҷовузи волидайн мувоҷеҳ шудаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки тағйирот дар сохтори майнаи наврасон бо тағйирот дар солимии равонӣ иртибот дорад ва ин ба вазъи ҷисмонии онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад.Маврид ба зикр аст, ки коронавирус дар баъзе давлатҳо боз авҷ гирифтааст. Дар Чин бинобар зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуданд.Дар Тоҷикистон ба маълумоти Вазорати беҳдошт феълан ин беморӣ мавҷуд нест. Вале бо вуҷуди паҳн шудани навъи нави коронавирус - "сербер" дар Қазоқистону Русия, ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки назоратро дар постгоҳҳои марз шадид мекунад.Қаблан вазорати тандурустии Қазоқистон аз пайдоиши навъи ҷадиди коронавирус ба номи "сербер" хабар дод.Ҳоло ин вирус дар 65 кишвари дунё, ба шумули Русия, Амрико ва Аврупо сабти ном шудааст.
https://sputnik.tj/20221202/vazorati-tandurusti-khudi-serber-nest-ammo-tashvishash-hast-1053233062.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156229_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_523530d68a8c555f45888d6e58873f5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус наврасон майнаи сар пир
коронавирус наврасон майнаи сар пир
COVID майнаи наврасонро пир кард - олимон
Қаблан чунин тағйирот дар мағзи сар танҳо дар кӯдаконе рух медод, ки талоқи волидайн ва ё таҷовузро аз сар гузаронидаанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Олимон мегӯянд, мағзи наврасоне, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд ва онро паси сар кардаанд, ба таври ғайримуқаррарӣ ба камол расидааст, менависад News.stanford.
Мағзи ноболиғоне, ки пас аз пандемия санҷида шуданд, назар ба ҳамсолони онҳо, ки қабл аз сар задани пандемия тафтиш шуда буданд, чанд сол калонтар буданд.
То кунун чунин тағйироти босуръат дар “синни мағзи сар” танҳо дар кӯдаконе мушоҳида мешуд, ки бо мушкилоти равонии музмин, аз қабили талоқ ё таҷовузи волидайн мувоҷеҳ шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки тағйирот дар сохтори майнаи наврасон бо тағйирот дар солимии равонӣ иртибот дорад ва ин ба вазъи ҷисмонии онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки коронавирус дар баъзе давлатҳо боз авҷ гирифтааст. Дар Чин бинобар зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуданд.
Дар Тоҷикистон ба маълумоти Вазорати беҳдошт феълан ин беморӣ мавҷуд нест. Вале бо вуҷуди паҳн шудани навъи нави коронавирус - "сербер" дар Қазоқистону Русия, ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки назоратро дар постгоҳҳои марз шадид мекунад.
Қаблан вазорати тандурустии Қазоқистон аз пайдоиши навъи ҷадиди коронавирус ба номи "сербер" хабар дод.
Ҳоло ин вирус дар 65 кишвари дунё, ба шумули Русия, Амрико ва Аврупо сабти ном шудааст.