https://sputnik.tj/20221201/parlumon-tojikiston-buja-davlati-sol-2023-qabul-kard-1053191172.html
Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард
Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи нави қонун дар бораи буҷети давлатӣ қаблан дар ҷаласаи ҳукумат ба тасвиб расида, ҳоло дар парлумони Тоҷикистон баррасӣ мешавад
2022-12-01T10:51+0500
2022-12-01T10:51+0500
2022-12-01T10:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷаи тоҷикистон
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд. Дар ҷаласаи порлумон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ин санадро барои баррасӣ пешниҳод кард. Ба гуфтаи вай, дар буҷети давлатии соли оянда ба масрафот барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, банди хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023 беш аз 4,5 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, барои рушди соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ, барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 9,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ 3,4 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад. Лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёт таҳия гардид.Он бояд имкон диҳад, ки таъсири омилҳои манфӣ кам карда, ба рушди соҳаҳои воқеии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хизмат расонад.Лоиҳаи буҷети давлатиро пас аз баррасӣ вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пазируфтанд.
https://sputnik.tj/20221123/puli-buja-tojikison-sarf-1053006689.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон парлумон буҷа тасдиқ
тоҷикистон парлумон буҷа тасдиқ
Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард
Лоиҳаи нави қонун дар бораи буҷети давлатӣ қаблан дар ҷаласаи ҳукумат ба тасвиб расида, ҳоло дар парлумони Тоҷикистон баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласаи порлумон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ин санадро барои баррасӣ пешниҳод кард. Ба гуфтаи вай, дар буҷети давлатии соли оянда ба масрафот барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
"Дар соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ беш аз 37,1 миллиард сомонӣ, қисми хароҷот - 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Даромади буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022, 12,3 фоиз ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мешавад", - афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол, банди хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023 беш аз 4,5 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, барои рушди соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ, барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 9,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ 3,4 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад. Лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёт таҳия гардид.
Он бояд имкон диҳад, ки таъсири омилҳои манфӣ кам карда, ба рушди соҳаҳои воқеии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хизмат расонад.
Лоиҳаи буҷети давлатиро пас аз баррасӣ вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пазируфтанд.