Салиби сурх: Ҷаҳон мардуми Афғонистонро фаромӯш кардааст

© AP / Mustafa NajafizadaАфганский ребенок с сапожками в руках в лагере для внутренне перемещенных лиц на окраине Мазари-Шарифа, к северу от Кабула, Афганистан, 2014 год
Афганский ребенок с сапожками в руках в лагере для внутренне перемещенных лиц на окраине Мазари-Шарифа, к северу от Кабула, Афганистан, 2014 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Раиси амалиётии Кумитаи ҷаҳонии Салиби сурх ахиран дар як нишаст гуфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мардуми Афғонистонро фаромуш кардааст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мартин Швайб, раиси амалиётии Кумитаи ҷаҳонии Салиби сурх дар нишаст бо намояндагони созмонҳои кумаккунанда ба Афғонистони афзуд, ки мардуми Афғонистон тавони хариди ниёзҳои аввалияи худро надоранд.
Вай гуфт, мутаасифона ҷомеъаи ҷаҳонӣ онҳоро фаромӯш кардааст.
Бино бар эъломи ин Кумита, камбуди маводи ғизоӣ ва сӯхт, омори сӯйи тағзия ва синаи паҳлу (зотулриё)-ро дар миёни кӯдакони Афғонистони 90 дарсад афзоиш додааст.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар тозатарин гузориши худ эълом кардааст ки созмонҳои имдодӣ ба танҳоӣ наметавонанд ба тамоми ниёзмандиҳои мардуми Афғонистон расидагӣ кунанд.
Школьники в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Наздик ба 900 ҳазор кудак дар Афғонистон дар маърази хатари марг ҳастанд
Салиби сурх ҳушдор додааст, ки ин вазъият метавонад зиндагии ҳазорон кудакро дар Афғонистон бо хатари марг мувоҷеҳ кунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки наздик ба нуҳсад ҳазор кудак дар Афғонистон ба далели ноамнии ғизоӣ дар маърази хатари марг ҳастанд.
СММ гуфт, ЮНИСЕФ ба кумакҳои фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирии аз суъи тағзияи сахт дар миёни кудакони Афғонстон ниёзманд аст.
Муассисаи байналмилалии Ҳимоят аз кудкон (Save the children) ҳам ахиран эълом карда буд, ки ҳудуди даҳ миллион кудак дар Афғонистон ба далели нарасидани ғизои кофӣ дар вазъияти бад зиндагӣ мекунанд.
Ин муассисаи байналмилалӣ гуфтааст 9 миллиону 600 ҳазор кудаки рӯзона гурусна мемонанд ва онҳо дар кутоҳтарин муддат ба маводи ғизои фаврӣ ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0