Наздик ба 900 ҳазор кудак дар Афғонистон дар маърази хатари марг ҳастанд

© Sputnik / Kasra RoyШкольники в Афганистане, архивное фото
Школьники в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки наздик ба нуҳсад ҳазор кудак дар Афғонистон ба далели ноамнии ғизоӣ дар маърази хатари марг ҳастанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Масъули бахши матбуотии сандуқи ҳимояти аз кудкони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Соми Мурат дар Афғонстон эълом кард, ки 875 ҳазор кудак дар Афғонистон бо хатари марг мувоҷеҳ ҳастанд.
Вай гуфт, ЮНИСЕФ ба кумакҳои фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирии аз суъи тағзияи сахт дар миёни кудакони Афғонстон ниёзманд аст.
Муассисаи байналмилалии Ҳимоят аз кудкон (Save the children) ҳам ахиран эълом карда буд, ки ҳудуди даҳ миллион кудак дар Афғонистон ба далели нарасидани ғизои кофӣ дар вазъияти бад зиндагӣ мекунанд.
Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Масъуд дар Душанбе шарти қабули ҳукумати толибҳоро эълон кард
Ин муассисаи байналмилалӣ гуфтааст 9 миллиону 600 ҳазор кудаки рӯзона гурусна мемонанд ва онҳо дар кутоҳтарин муддат ба маводи ғизои фаврӣ ниёз доранд.
Ҳафтаи гузаштаи Кумитаи байналмилалии “Салиби сурх” дар Афғонистон низ бо интишори гузорише эълом кард, ки оморҳо нишон медиҳад ки дар 33 бемористони мавриди ҳимояти кумитаи ҷаҳонии “Салиби сурх” дар Афғонистон, мавориди ибтилои кудакон ба бемории суъи тағзия дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 90 дарсад афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0