Дар баъзе минтақаҳо барфи шадид: Шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе - Чаноқ

© Дафтари матбуоти IRSРаванди роҳтозакунӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Раванди роҳтозакунӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз барфрезии шадид дар бархе қитъаҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳарчанд дар баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дорад, роҳ дар маҷмӯъ кушода мебошад, хабар додаст "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS.
Ба иттилои манбаъ, феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст. Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумот пешниҳод мегардад, таъкид намуданд масъулини ширкат.
Намояндагони IRS мусофирону ронандагоне, ки азми ҳаракат дар масири Душанбе-Чаноқро доранд, хоҳиш хоҳиш кардаанд, ки бо омодагиҳои хос, мувофиқ ба талаботи фасли сармо ба роҳ бароянд.
Қаблан ширкат изҳор дошта буд, ки баъзе роҳбандию танбашавии нақлиёт дар ин масир маҳз дар натиҷаи бе омодагӣ ба роҳ баромадани ронандагон рух медиҳад.
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Барфу борон: ҳавои рӯзи дуюми зимистон дар Тоҷикистон
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира карда шуданд.
Ҳамчунин таъкид шудаст, ки 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дидаанд ва дар баробари захираи маҳсулоти зарурӣ 31 техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд. Дар намояндагии Суғд 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зимистон пурра омода мебошанд, таъкид намуданд масъулин.
Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносон ахиран иттилоъ доданд, ки Суғдро ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон, барф ва тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0