Барфу борон: ҳавои рӯзи дуюми зимистон дар Тоҷикистон

© PixabayЗонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 8 дараҷа, Суғд то 7 дараҷа, Хатлон то 11 дараҷа, Душанбею навоҳии атроф то 10 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфрезӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ВМКБ абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон, барф ва тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар водиҳои Хатлон борону дар доманакуҳҳо баъзан ба барф табдил меёбад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона то 3+8 дараҷа гарм мерасад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи марказ бориши борон ва барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Ҳарорат шабона 3+5 дараҷа гарм ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм дар назар аст, мегӯянд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0