https://sputnik.tj/20221026/hushdor-rahmon-afzoish-ofat-tabii-1052428280.html
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тағйири бархӯрд ба масоили об шуда, афзуд, маҳз дар ин сурат метавон ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед баст
2022-10-26T10:20+0500
2022-10-26T10:20+0500
2022-10-26T11:37+0500
дар тоҷикистон
об
иҷтимоъ
офат
тағйир
гармшавии иқлим
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102589/31/1025893161_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_a6c44b646ac4e6e598fe281fe050db75.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши офатҳои табиӣ ҳушдор дода, афзуд дар меҳвари ин равандҳо об қарор дорад. Ӯ зимни як ҳамоиш барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид гуфт, бинобар тағйирёбии иқлим ҳамагон шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ шудаанд. Вай аз гармӣ дар Аврупо, сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об зикр намуда, афзуд, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт."Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад", - таъкид кард раисҷумҳур.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.Вай кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории судманд дар ин масоил даъват намуда, изҳор дошт, ки об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.Об нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем, таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20220607/nigaroni-rahmon-ob-jahon-1048988904.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102589/31/1025893161_78:0:1518:1080_1920x0_80_0_0_0b5af187b95294865e287e1c1b0a329d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, оянда, осуда, таъмин, нишон
эмомалӣ раҳмон, оянда, осуда, таъмин, нишон
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
10:20 26.10.2022 (Навсозишуда: 11:37 26.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тағйири бархӯрд ба масоили об шуда, афзуд, маҳз дар ин сурат метавон ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед баст
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши офатҳои табиӣ ҳушдор дода, афзуд дар меҳвари ин равандҳо об қарор дорад.
Ӯ зимни як ҳамоиш барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид гуфт, бинобар тағйирёбии иқлим ҳамагон шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ шудаанд.
Вай аз гармӣ дар Аврупо, сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об зикр намуда, афзуд, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт.
"Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад", - таъкид кард раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.
"Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд. Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем", - гуфт ӯ.
Вай кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории судманд дар ин масоил даъват намуда, изҳор дошт, ки об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.
Об нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем, таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.