Азми Русия барои дастгирии ширкатҳо аз ИДМ

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМинистр экономического развития РФ Максим Решетников
Министр экономического развития РФ Максим Решетников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Ширкатҳо аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил майли иштирок дар бозори соҳибкории Русияро доранд ва шароити кор дар ин кишварро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Русия қарор аст, як пойгоҳи махсуси дастгирии иттилоотӣ барои ширкатҳо аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шавад.
Дар ин бора вазири рушди иқтисоди ФР, Максим Решетников зимни суханронии худ дар форуми соҳибкорони Русияву Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, ин хадамот барои ширкатҳое пешбинӣ мешавад, ки қасди ворид шудан ба бозорҳои Русияро доранд.
"Ин масъаларо ҳамчунин дар сатҳи вазоратҳо дар доираи хатҳои мустақим ҳал хоҳем кард", - афзуд вазири рушди иқтисоди Русия.
18-м заседании Межправкомиссии по экономическому сотрудничеству РФ и Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Барои сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон имкониятҳои васеъ боз шудааст
Решетников ҳамчунин афзоиши дархостҳо барои ифтитоҳ ва рушди корхонаҳо аз кишварҳои муштаракулманофеъро қайд кард.
Вай барои мисол ширкатҳои Ӯзбекистонро зикр намуд, ки ба меъёрҳои танзим ва шеваҳои дастгирӣ дар Русия таваҷуҳ доранд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони ширкатҳои содиротии Маскав аз соҳаҳои мухталифи саноат ва тиҷорат ба Тоҷикистон омада буданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳайати тиҷорӣ таҳиягарони маҳсулоти IT, истеҳсолкунандагони хӯрокворӣ, инчунин корхонаҳои соҳаҳои косметикӣ, кимиёвӣ ва ғайра ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0