Барои сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон имкониятҳои васеъ боз шудааст

© Sputnik 18-м заседании Межправкомиссии по экономическому сотрудничеству РФ и Таджикистан
18-м заседании Межправкомиссии по экономическому сотрудничеству РФ и Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Русияву Тоҷикистон додугирифтро дар соли равон афзоиш доданд. Мақомоти Русия мегӯяд, ки табодули коло миёни ду кишвар ба 1,2 миллиард доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Мақомоти Русия аз имкониятҳои васеъ барои сармогузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук зимни суханрониаш дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русияву Тоҷикистон изҳорот кардааст.
"Соли 2021 табодули коло нисбат ба соли 2020 - 44,7 дарсад афзоиш ёфта, 1,2 миллиард долларро ташкил дод. Аз аввали соли ҷорӣ афзоиш аллакай 22,1 дарсадро ташкил додааст", - ёдовар шуд оқои Оверчук.
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Русия ҳаҷми сармоягузориҳо ба 1,6 миллиард доллар расидааст.
Встреча заместителя министра просвещения России Дениса Грибова с первым замминистра образования и науки Таджикистана Джамшедом Джуразода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Дар Душанбе масъалаи тақвияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорони рус моҳи сентябр дар Душанбе як ҳамоиш баргузор шуд, ки таваҷҷуҳи зиёдро ба бор овард - 50 ширкат дар он ширкат варзиданд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.
ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0