https://sputnik.tj/20221202/afzoishi-tavlidi-mahsuloti-kishovarzi-dar-janubi-tojikiston-1053227760.html
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кишоварзони вилояти Хатлон дар пайи даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон барои истифодаи самараноки ҳар порчаи замин тавлиди маҳсулотро афзоиш додаанд
2022-12-02T13:32+0500
2022-12-02T13:32+0500
2022-12-02T13:38+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тавлид
маҳсулот
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893999_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_6f4968cf4363a2a48e52afd1db90d3c6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Хатлон ба ҳолати оғози ноябри соли равон маблағи наздик ба 22 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят. Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Хатлон ҳаҷми маҳсулоти тавлидкарда ба 21 млрду 832 млн сомонӣ расидааст. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3% ва ё 1,3 млрд сомонӣ бештар мебошад. Аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки ба ҳолати аввали ноябри соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ дар Хатлон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123%-ро ташкил медиҳад.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Хатлон дар ноҳияи Данғара ҳушдор дода буд, ки мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад".Президент аз масъулини сокинони кишвар даъват намуда буд, ки ҳар қитъа заминро самаранок истифода баранд.Таъкид шуда буд, ки дар вилояти Хатлон имконият нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат дар бахши кишоварзӣ фаровонтар буда, минтақа метавонад дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ саҳми зиёд гузорад.
https://sputnik.tj/20221126/jashn-kartoshka-tojikiston-non-duum-jam-1053083474.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893999_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f11a6d16e5336230af87dc66ecc017c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишоварзон, хатлон, маҳсулот, бештар
кишоварзон, хатлон, маҳсулот, бештар
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон
13:32 02.12.2022 (Навсозишуда: 13:38 02.12.2022) Кишоварзони вилояти Хатлон дар пайи даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон барои истифодаи самараноки ҳар порчаи замин тавлиди маҳсулотро афзоиш додаанд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Хатлон ба ҳолати оғози ноябри соли равон маблағи наздик ба 22 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Хатлон ҳаҷми маҳсулоти тавлидкарда ба 21 млрду 832 млн сомонӣ расидааст.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3% ва ё 1,3 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки ба ҳолати аввали ноябри соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ дар Хатлон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123%-ро ташкил медиҳад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Хатлон дар ноҳияи Данғара ҳушдор дода буд, ки мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад".
Президент аз масъулини сокинони кишвар даъват намуда буд, ки ҳар қитъа заминро самаранок истифода баранд.
Таъкид шуда буд, ки дар вилояти Хатлон имконият нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат дар бахши кишоварзӣ фаровонтар буда, минтақа метавонад дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ саҳми зиёд гузорад.