Ҷашни картошка: Тоҷикистон чӣ қадар "нони дуюм" ҷамъ кард?

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСбор картофеля, архивное фото
Сбор картофеля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
Картошка аз навъҳои серистеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пайи гандум миёни мардум номи "нони дуюм" гирифтааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар бозори "Меҳргон"-и пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи картошка оғоз гардид, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур хоҷагиҳои картошкапарварии кишвар навъҳои беҳтарини картошкаи худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Инчунин хони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни хӯрокҳо аз картошка омода ва ороста мешавад. Мақомот мегӯянд, бар асоси меъёрҳои физиологӣ талаботи ҳар сокини Тоҷикистон ба картошка дар як сол бояд 92 кг муайян шудааст.
Сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, хаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як кас дар сол ба 130 кило мерасад. Хамин тавр, эҳтиёҷоти умумии ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот ба 1,3 млн тонна мерасад.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Дастури президент иҷро нагардид: Аҳмадзода гуфт, нархи картошка дар Суғд гарон шуд
Ба ҳолати нимаи моҳи ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 821 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли гузашта 185 ҳазор тонна зиёд ҷамъоварӣ гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ майдони кишти картошка зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Бар асоси маълумоти фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли равон майдоне, ки ҳосилаш аллакай ҷамъоварӣ карда шудааст, дар ҷумҳурӣ 31,6 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар 260 сентнер арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0