https://sputnik.tj/20221201/tojikiston-maraka-davat-khizmat-harbi-anjom-1053195615.html
Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт
Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Новобаста аз он, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, вале шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мешаванд
2022-12-01T12:50+0500
2022-12-01T12:50+0500
2022-12-01T12:53+0500
дар тоҷикистон
хизмати ҳарбӣ
амният ва мудофиа
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_222:0:1815:896_1920x0_80_0_0_f80a7fa456621701bf8c5b492fc93a79.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавоно ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати мудофиа.Ба иттилои манбаъ, ин маърака, ки моҳи октябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз ёфт, ҳамакнун пурра ба анҷом расид.Манбаъ меафзояд, бо вуҷуди анҷом ёфтани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат, лек тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳо даъват карда мешаванд.Ҳадаф аз даъват шудани ҷавононро Вазорати мудофиа ба омода намудан ва гузашта аз омӯзиши пешаздаъватӣ рабт дод.Ҳамасола дар Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.Имсол низ ба мисли солҳои қаблӣ, дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро ба пуррагӣ иҷро кард.
https://sputnik.tj/20221101/anjom-davat-navaskaron-artishi-tojikiston-naqsha-1052555846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_421:0:1616:896_1920x0_80_0_0_aff4c2ae0a3ffc8d7d0df88fb41e3dc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маъракаи даъват вазорати мудофиа
тоҷикистон маъракаи даъват вазорати мудофиа
Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт
12:50 01.12.2022 (Навсозишуда: 12:53 01.12.2022) Новобаста аз он, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, вале шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавоно ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати мудофиа.
Ба иттилои манбаъ, ин маърака, ки моҳи октябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз ёфт, ҳамакнун пурра ба анҷом расид.
Манбаъ меафзояд, бо вуҷуди анҷом ёфтани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат, лек тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳо даъват карда мешаванд.
Ҳадаф аз даъват шудани ҷавононро Вазорати мудофиа ба омода намудан ва гузашта аз омӯзиши пешаздаъватӣ рабт дод.
Ҳамасола дар Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад.
Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Имсол низ ба мисли солҳои қаблӣ, дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро ба пуррагӣ иҷро кард.