https://sputnik.tj/20221101/anjom-davat-navaskaron-artishi-tojikiston-naqsha-1052555846.html
Анҷоми як моҳи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистон: Шарҳи иҷроиши нақша
Анҷоми як моҳи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистон: Шарҳи иҷроиши нақша
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз натиҷаҳои маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли равон гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро тавзеҳ дод
2022-11-01T12:10+0500
2022-11-01T12:10+0500
2022-11-01T12:11+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хизмат
ҳарбӣ
даъват
артиш
ҷавонон
вмкб
хатлон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931366_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_859d3100532abb45d00a1154c22bd2b3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - октябр, 70% иҷро шудаст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад. Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳ 80% арзёбӣ шудааст. Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ қисми зиёдашон нишондоди пешбинишударо аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 77% аст, хабар дод Вазорати дифоъ. Масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 70% баробар намудаанд.Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 60% баробар шудааст. Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20221101/nuqta-putin-anjom-basij-1052553645.html
вмкб
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931366_256:0:1792:1152_1920x0_80_0_0_c5b390fa1d8d9412038197ff77c6ef4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чанд, фоиз, нақша, иҷро
Анҷоми як моҳи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистон: Шарҳи иҷроиши нақша
12:10 01.11.2022 (Навсозишуда: 12:11 01.11.2022) Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз натиҷаҳои маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли равон гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - октябр, 70% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳ 80% арзёбӣ шудааст.
"Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе бошад дар давоми як моҳ наздики 80%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ қисми зиёдашон нишондоди пешбинишударо аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 77% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.
Масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 70% баробар намудаанд.
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 60% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.