https://sputnik.tj/20221201/sabab-holat-iztirori-parvoz-dushanbe-irkutsk-malum-1053206508.html
Сабаби рух додани ҳолати изтирорӣ дар парвози Душанбе-Иркутск маълум шуд
Сабаби рух додани ҳолати изтирорӣ дар парвози Душанбе-Иркутск маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби ҳолати изтирорие, ки бо парвози ширкати "Уралские авиалинии" дар масири Душанбе - Иркутск рӯзи 2 ноябр рух дод, камарбанди оддии халта будааст 01.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-01T15:55+0500
2022-12-01T15:55+0500
2022-12-01T15:55+0500
дар русия
дар тоҷикистон
нақлиёт
душанбе
иркутск
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053199490_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_abe8b9524fe746cb00347fa41e9858c1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сабаби эҳтимолии фуруди изтирории Airbus A-320 дар фурудгоҳи Иркутск, ки 2 ноябр рух дода буд, маълум шуд, хабар медиҳад шабакаи Telegram Aviatorshchina.Он ҳамон чархҳои ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе омада буд, ҳангоми фуруд омадан кафиданд. Маълум шуд, ки ин ходиса ба сабаби тасодуф рух додааст.Дар номаи иттилоотӣ гуфта мешавад, ки ҳангоми парвоз аз пойтахти Тоҷикистон ба Иркутск фармондеҳи ҳавопаймои А-320 бо камарбанди сумкааш ба тугмаи калидӣ расидааст ва тасодуфан тормози таваққуфро пахш кардааст.Ба халабонҳо баъди пайдо шудани ин хабар муяссар шуд ва пеш аз фуруд дастаро иваз карданд. Сипас онҳо "фишори боқимондаро дар системаи тормозӣ, ки аллакай ҳангоми дароз кардани шасси фуруд мушкилот ба бор меовард" ихроҷ карданд.Аммо дар баробари ин экипаж ба даври дуюм нарафт ва дар системаи тормоз фишор наовард.Аз ҳамин сабаб баъд аз расидан ба замин ҳамаи чархҳои шасси асосӣ оташ гирифтанд ва кафиданд. Гуфта мешавад, ки баъди ин вазъияти изтирорӣ фармондеҳи ҳавопаймо истеъфо додааст.Аммо дар ҳамин ҳол, Раёсати тафтишоти байниминтақавии шарқии нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
https://sputnik.tj/20221102/juziyoti-furud-iztirori-havopaymo-dushanbe-irkutsk-1052583311.html
душанбе
иркутск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053199490_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1325eccb3be8550e4534144401cd5aae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, нақлиёт, душанбе, иркутск, парвоз
дар русия, дар тоҷикистон, нақлиёт, душанбе, иркутск, парвоз
Сабаби рух додани ҳолати изтирорӣ дар парвози Душанбе-Иркутск маълум шуд
Сабаби ҳолати изтирорие, ки бо парвози ширкати "Уралские авиалинии" дар масири Душанбе - Иркутск рӯзи 2 ноябр рух дод, камарбанди оддии халта будааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сабаби эҳтимолии фуруди изтирории Airbus A-320 дар фурудгоҳи Иркутск, ки 2 ноябр рух дода буд, маълум шуд, хабар медиҳад шабакаи Telegram Aviatorshchina.
Он ҳамон чархҳои ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе омада буд, ҳангоми фуруд омадан кафиданд. Маълум шуд, ки ин ходиса ба сабаби тасодуф рух додааст.
Дар номаи иттилоотӣ гуфта мешавад, ки ҳангоми парвоз аз пойтахти Тоҷикистон ба Иркутск фармондеҳи ҳавопаймои А-320 бо камарбанди сумкааш ба тугмаи калидӣ расидааст ва тасодуфан тормози таваққуфро пахш кардааст.
Ба халабонҳо баъди пайдо шудани ин хабар муяссар шуд ва пеш аз фуруд дастаро иваз карданд. Сипас онҳо "фишори боқимондаро дар системаи тормозӣ, ки аллакай ҳангоми дароз кардани шасси фуруд мушкилот ба бор меовард" ихроҷ карданд.
Аммо дар баробари ин экипаж ба даври дуюм нарафт ва дар системаи тормоз фишор наовард.
Аз ҳамин сабаб баъд аз расидан ба замин ҳамаи чархҳои шасси асосӣ оташ гирифтанд ва кафиданд. Гуфта мешавад, ки баъди ин вазъияти изтирорӣ фармондеҳи ҳавопаймо истеъфо додааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, Раёсати тафтишоти байниминтақавии шарқии нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.