https://sputnik.tj/20221102/juziyoti-furud-iztirori-havopaymo-dushanbe-irkutsk-1052583311.html
Ҷузъиёти фуруди садамавии ҳавопаймои масири Душанбе-Иркутск маълум шуд
Ҷузъиёти фуруди садамавии ҳавопаймои масири Душанбе-Иркутск маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки тормозҳои ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск баста шудаанд - ин сабаби пешакии ҳодисаи изтирорӣ гуфта мешавад
2022-11-02T15:38+0500
2022-11-02T15:38+0500
2022-11-02T15:43+0500
ҳавопаймо
душанбе
иркутск
нишасти изтирорӣ
нақлиёт
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/02/1052580942_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_253eb41bf06e053ccb204fcc668b1b8c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои Airbus A320, ки аз Душанбе парвоз кард, ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск дар тормози он мушкил пайдо шудааст. Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Русия фуруд омад. Аз сабаби он ки чор чархи ҳавопаймо даридааст, онро то ҳол аз хатти парвоз берун кардан имкон надорад. Гуфта мешавад дар дохили он 70 мусофир ва панҷ узви сарнишин будаанд, аммо ба таъкиди манобеъи дигар, дар ин ҳавопаймо афроди бештаре буданд. Хадамоти матбуоти фурудгоҳ гуфтааст, ки дар натиҷаи фуруд омадани изтирорӣ касе осеб надидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. Мутахассисон мушаххас мекунанд, ки дар давоми тақрибан ду соат хатти парвозро озод кардан имкон аст. Дар ҳамин ҳол онҳо барои иваз кардани чархаи кафида чархҳо меҷӯянд. Ҳамчунин маълум аст, ки фурудгоҳи Иркутск ба далели фуруд омадани изтирории ин ҳавопаймо муваққатан баста шудааст. Ҳавопаймоҳо муваққатан парвоз намекунанд, чор парвози омадаро ба Улан-Удэи ҳамсоя равон мекунанд. Қарор аст, фурудгоҳ пас аз соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз шавад.
https://sputnik.tj/20221102/nishasti-sakht-havopaymo-masir-dushanbe-irkutsk-tafsilot-1052582537.html
душанбе
иркутск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/02/1052580942_68:0:2799:2048_1920x0_80_0_0_39f69f8519b33d5cdc1f6ca3dc9bb559.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷузъиёт фуруд ҳавопаймо масир душанбе иркутск
ҷузъиёт фуруд ҳавопаймо масир душанбе иркутск
Ҷузъиёти фуруди садамавии ҳавопаймои масири Душанбе-Иркутск маълум шуд
15:38 02.11.2022 (Навсозишуда: 15:43 02.11.2022) Маълум шуд, ки тормозҳои ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск баста шудаанд - ин сабаби пешакии ҳодисаи изтирорӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои Airbus A320, ки аз Душанбе парвоз кард, ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Иркутск дар тормози он мушкил пайдо шудааст.
Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Русия фуруд омад.
Аз сабаби он ки чор чархи ҳавопаймо даридааст, онро то ҳол аз хатти парвоз берун кардан имкон надорад.
Гуфта мешавад дар дохили он 70 мусофир ва панҷ узви сарнишин будаанд, аммо ба таъкиди манобеъи дигар, дар ин ҳавопаймо афроди бештаре буданд.
Хадамоти матбуоти фурудгоҳ гуфтааст, ки дар натиҷаи фуруд омадани изтирорӣ касе осеб надидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Мутахассисон мушаххас мекунанд, ки дар давоми тақрибан ду соат хатти парвозро озод кардан имкон аст. Дар ҳамин ҳол онҳо барои иваз кардани чархаи кафида чархҳо меҷӯянд.
Ҳамчунин маълум аст, ки фурудгоҳи Иркутск ба далели фуруд омадани изтирории ин ҳавопаймо муваққатан баста шудааст.
Ҳавопаймоҳо муваққатан парвоз намекунанд, чор парвози омадаро ба Улан-Удэи ҳамсоя равон мекунанд. Қарор аст, фурудгоҳ пас аз соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз шавад.