Медведев украинҳоро мухолифи Русия намедонад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонк Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев
 Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Ба таъкиди раиси ҳизби "Русияи воҳид", мухолифони ин кишвар на украинҳо, балки онҳое ҳастанд, ки идеологияи фашистиро ҷорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дмитрий Медведев раиси ҳизби "Русияи воҳид" мегӯяд, мухолифони Русия на украинҳо, балки онҳое ҳастанд, ки идеологияи фашистиро ҷорӣ мекунанд.
"Рақиби мо ҳамчун миллат украиниҳо нестанд. Инҳо воқеан одамони наздиканд, ин ҳама равшан аст. Яъне, онҳое, ки идеологияи муайянеро ҷорӣ мекунанд", - изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо хайрхоҳон.
Медведев афзуд, ки дар ин замина аз тарҳҳое, ки ба қадри имкон барои ҳифзи хотираи рӯйдодҳои ҷорӣ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ кардан лозим аст.
Қаблан, Медведев изҳор дошта буд, ки танҳо созишнома бо Русия метавонист ба Украина кафолати амниятӣ диҳад, ягон ҳамсояи дигар ба ин кор қодир нест.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Медведев Ғарбро ба барангехтани ҷанги ҷаҳонӣ айбдор кард
"Танҳо созишнома бо Русия метавонист кафолати амниятӣ диҳад. Аммо ҳукумати Украина, ки аз пул ва мушакҳои Ғарб ҳавасманд шуда буд, онро рад кард", - гуфт Медведев дар "Telegram".
Ҳамзамон муовини раиси Шӯрои амният изҳори итминон кард, ки ҳеҷ кас Украинаро ба узвияти НАТО қабул намекунад. Ба гуфтаи Медведев, режими Киев дарк мекунад, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ барои он, ҳатто аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ИМА танҳо ба хотири манофеяш кор мекунад ва ба зудӣ Украинаро фаромӯш хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0