https://sputnik.tj/20221116/medvedev-gharb-jangi-jahoni-1052859487.html
Медведев Ғарбро ба барангехтани ҷанги ҷаҳонӣ айбдор кард
Медведев Ғарбро ба барангехтани ҷанги ҷаҳонӣ айбдор кард
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби интиқоди тунд ва изҳороти сиёсатмадори рус ҳодиса бо мушакҳои дифои зиддиҳавоии Украина шуд, ки дар Лаҳистон ду нафарро куштааст
2022-11-16T14:31+0500
2022-11-16T14:31+0500
2023-02-08T19:46+0500
дмитрий медведев
дар ҷаҳон
сиёсат
лаҳистон
ҷанг
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_0:205:2915:1844_1920x0_80_0_0_c0360aaa8ef04303e420cf435c6f2aab.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев Ғарбро дар ташдиди таниш ва афзоиши эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳонӣ муттаҳам кард. Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифааш дар Twitter навиштааст. Қаблан низ сиёсатмадор аллакай дар ҳамин рӯҳия ҳарф зада буд. "Фаромӯш накунед, ки ҷангҳои иқтисодӣ дар таърихи инсоният аксар вақт ба ҷангҳои воқеӣ табдил ёфтаанд", - гуфт ӯ дар посух ба изҳороти раиси Вазорати молияи Фаронса дар бораи фурӯпошии низоми молии Русия бар асари таҳримҳо. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 ноябр дар Лаҳистон дар наздикии марзи Украина пораҳои мушакҳо ёфт шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, ду нафар ба ҳалокат расидаанд.Эрдуғон: НАТО бар он аст, ки Русия дар суқути мушакҳо дар Лаҳистон даст надорадВазорати корҳои хориҷии Лаҳистон нахуст иддао кард, ки мушакҳо аз Русия парвоз кардаанд, вале баъдан Анжей Дуда, қайд кард, ки Варшава маълумоти дақиқе надорад, ки пораҳои мушакҳо аз кадом кишвар афтодаанд.Президенти ИМА Ҷо Байден дар нишасти изтирории G7 ва раҳбарони НАТО бо ишора ба траекторияи парвози муҳимоти ҷангӣ, иддаъо дар бораи парвози мушак аз Русияро рад кард.Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, инҷониб он рӯз ба ҳадафҳое дар наздикии марзи Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршудаи бархе аз харобаҳо ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳодиса метавонист бар асари партоби мушакҳои дифои зидди ҳавоии Украина рух диҳад.
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_ea14dc3b6ec0fbb8b14e587a38df93f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанги ҷаҳонӣ, украина, русия, има
ҷанги ҷаҳонӣ, украина, русия, има
Медведев Ғарбро ба барангехтани ҷанги ҷаҳонӣ айбдор кард
14:31 16.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сабаби интиқоди тунд ва изҳороти сиёсатмадори рус ҳодиса бо мушакҳои дифои зиддиҳавоии Украина шуд, ки дар Лаҳистон ду нафарро куштааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев Ғарбро дар ташдиди таниш ва афзоиши эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳонӣ муттаҳам кард.
Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифааш дар Twitter навиштааст.
"Ҳодисаи ҳамлаи мушакии Украина ба хоҷагии Лаҳистон танҳо як чизро исбот мекунад: Ғарб бо ҷанги гибридии худ бо Русия эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳониро афзоиш медиҳад", - гуфт Медведев.
Қаблан низ сиёсатмадор аллакай дар ҳамин рӯҳия ҳарф зада буд.
"Фаромӯш накунед, ки ҷангҳои иқтисодӣ дар таърихи инсоният аксар вақт ба ҷангҳои воқеӣ табдил ёфтаанд", - гуфт ӯ дар посух ба изҳороти раиси Вазорати молияи Фаронса дар бораи фурӯпошии низоми молии Русия бар асари таҳримҳо.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 ноябр дар Лаҳистон дар наздикии марзи Украина пораҳои мушакҳо ёфт шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон нахуст иддао кард, ки мушакҳо аз Русия парвоз кардаанд, вале баъдан Анжей Дуда, қайд кард, ки Варшава маълумоти дақиқе надорад, ки пораҳои мушакҳо аз кадом кишвар афтодаанд.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар нишасти изтирории G7 ва раҳбарони НАТО бо ишора ба траекторияи парвози муҳимоти ҷангӣ, иддаъо дар бораи парвози мушак аз Русияро рад кард.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, инҷониб он рӯз ба ҳадафҳое дар наздикии марзи Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршудаи бархе аз харобаҳо ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳодиса метавонист бар асари партоби мушакҳои дифои зидди ҳавоии Украина рух диҳад.