https://sputnik.tj/20221201/ijlosiya-navbati-majlisi-milli-masalaho-barrasi-1053201341.html
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
Вакилон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон масоли тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, савдои электронӣ ва ғайраро баррасӣ мекунанд
2022-12-01T14:20+0500
2022-12-01T14:20+0500
2022-12-01T14:20+0500
дар тоҷикистон
парламент
вакилон
иҷлосия
маҷлис
масъала
тарбия
тарбияи фарзанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_9cdb25edab4cf273a81a4350914cf02f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Вакилон ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, савдои электронӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баррасӣ хоҳанд кард.Ин масоил дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки рӯзи 16 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” ба тасвиб расидааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ масъалаҳои Кодекси мадании Тоҷикистон, қонунҳои Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.Вакилон қонун “Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон”, “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, баррасӣ мегарданд.Инчунин дар ин маҷлис пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум 16 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20210918/qarori-rustami-emomali-vakilon-majlisi-davat-1042350181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_4c59d7000c38eeb08fcddec27c48e99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вакилон, маҷлис, иҷлосия, тарбияи ватандӯстӣ, савдои электронӣ, баррасӣ
тоҷикистон, вакилон, маҷлис, иҷлосия, тарбияи ватандӯстӣ, савдои электронӣ, баррасӣ
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Вакилон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон масоли тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, савдои электронӣ ва ғайраро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Вакилон ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, савдои электронӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баррасӣ хоҳанд кард.
Ин масоил дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки рӯзи 16 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” ба тасвиб расидааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ масъалаҳои Кодекси мадании Тоҷикистон, қонунҳои Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Вакилон қонун “Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон”, “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, баррасӣ мегарданд.
Инчунин дар ин маҷлис пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум 16 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.