https://sputnik.tj/20210918/qarori-rustami-emomali-vakilon-majlisi-davat-1042350181.html
Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба Маҷлиси навбатӣ даъват шуданд
Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба Маҷлиси навбатӣ даъват шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе санаи 29 сентябри соли равон Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
2021-09-18T14:30+0500
2021-09-18T14:30+0500
2021-09-18T14:30+0500
дар тоҷикистон
душанбе
вакилон
иҷлосия
маҷлис
рустам эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_aeb08253c4858aa43ee9c5b46efff9fa.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш вакилонро ба Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум даъват кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳо “Дар бораи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025”, “Дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе”, “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, ворид карда шудаанд.Ҳамзамон манбаъ қйд кардааст, ки дар инчунин дар ҷараёни ин иҷалосия масоили “Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе” ва “Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе” баррасӣ хоҳад шудИнчунин қайд шудааст, ки тибқи қарори дахлдор барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаааст.Манбаъ қайд кардааст, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 27 сентябри соли равон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.
https://sputnik.tj/20210418/muhlati-vakolathoi-rustam-akramzoda-badi-barkanorii-bahsbarangez-1038559629.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_83:0:903:615_1920x0_80_0_0_0cd184130a97ae1129a2c2a9aacc545e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вакилон, маҷлис, душанбе, иҷлосия, рустам эмомалӣ, раиси шаҳр
тоҷикистон, вакилон, маҷлис, душанбе, иҷлосия, рустам эмомалӣ, раиси шаҳр
Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба Маҷлиси навбатӣ даъват шуданд
Дар шаҳри Душанбе санаи 29 сентябри соли равон Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш вакилонро ба Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум даъват кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳо “Дар бораи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025”, “Дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе”, “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, ворид карда шудаанд.
Ҳамзамон манбаъ қйд кардааст, ки дар инчунин дар ҷараёни ин иҷалосия масоили “Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе” ва “Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе” баррасӣ хоҳад шуд
Инчунин қайд шудааст, ки тибқи қарори дахлдор барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 27 сентябри соли равон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.