https://sputnik.tj/20221201/dushanbe-shirkat-maskav-omadand-hadaf-chist-1053189789.html
Ба Душанбе 20 ширкат аз Маскав омаданд: ҳадаф чист?
Ба Душанбе 20 ширкат аз Маскав омаданд: ҳадаф чист?
Sputnik Тоҷикистон
Дар сафари корӣ 20 нафар соҳибкорон, ки аз ширкатҳои содиротӣ аз соҳаҳои гуногун ва тиҷорат намояндагӣ мекунанд, иштирок доранд 01.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-01T09:42+0500
2022-12-01T09:42+0500
2022-12-01T09:42+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иқтисод
душанбе
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1e/1053187841_0:78:1280:798_1920x0_80_0_0_4578434b4ebd12a7adfed63f29548a00.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳайати тиҷорӣ аз Маскав иборат аз 20 ширкат ба Душанбе омад. Дар ин бора Намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон дар шабакаи Telegram хабар додааст.Музокирот, ки аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратӣ "Маркази содиротии Маскав" бо дастгирии намояндагии тиҷоратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ташкил шудааст, то 2 декабр идома хоҳад кард.Дар сафари корӣ 20 нафар соҳибкорон, ки аз ширкатҳои содиротӣ аз соҳаҳои гуногун ва савдо намояндагӣ мекунанд, иштирок доранд.Гуфта мешавад, ки дар миссияи тиҷорӣ таҳиягарони маҳсулоти IT, истеҳсолкунандагони хӯрокворӣ, инчунин корхонаҳои соҳаҳои ороишь, кимиёвӣ ва ғайра ширкат мекунанд.Дар рафти кор қариб 100 вохӯрии тиҷоратӣ бо шарикони тиҷоратӣ, харидорон ба нақша гирифта шудааст.Ҳамчунин, дар заминаи Намояндагии тиҷоратӣ бо аъзои ҳайат оид ба вижагиҳои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон машваратҳои инфиродӣ баргузор мешавад. Ин нахустин сафари намояндагони МСМ ба Тоҷикистон аст. Қаблан аз сафари як ҳайати соҳибкорон аз вилояти Қурғони Русия ба Бохтар хабар дода шуда буд. Дар ҷараёни сафар русҳо аз як қатор корхонаҳои маҳаллӣ, биржаи тамосҳои корӣ ва намояндагии тиҷории Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дидан карданд.
https://sputnik.tj/20221125/sohibkoron-viloyat-qurgon-rusiya-tojikiston-1053067893.html
душанбе
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1e/1053187841_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_7ca29f8d2d97380b321d5768c8f5b058.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, иқтисод, душанбе, маскав
дар тоҷикистон, дар русия, иқтисод, душанбе, маскав
Ба Душанбе 20 ширкат аз Маскав омаданд: ҳадаф чист?
Дар сафари корӣ 20 нафар соҳибкорон, ки аз ширкатҳои содиротӣ аз соҳаҳои гуногун ва тиҷорат намояндагӣ мекунанд, иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳайати тиҷорӣ аз Маскав иборат аз 20 ширкат ба Душанбе омад. Дар ин бора Намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон дар шабакаи Telegram хабар додааст.
Музокирот, ки аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратӣ "Маркази содиротии Маскав" бо дастгирии намояндагии тиҷоратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ташкил шудааст, то 2 декабр идома хоҳад кард.
Дар сафари корӣ 20 нафар соҳибкорон, ки аз ширкатҳои содиротӣ аз соҳаҳои гуногун ва савдо намояндагӣ мекунанд, иштирок доранд.
Гуфта мешавад, ки дар миссияи тиҷорӣ таҳиягарони маҳсулоти IT, истеҳсолкунандагони хӯрокворӣ, инчунин корхонаҳои соҳаҳои ороишь, кимиёвӣ ва ғайра ширкат мекунанд.
Дар рафти кор қариб 100 вохӯрии тиҷоратӣ бо шарикони тиҷоратӣ, харидорон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар заминаи Намояндагии тиҷоратӣ бо аъзои ҳайат оид ба вижагиҳои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон машваратҳои инфиродӣ баргузор мешавад.
Ин нахустин сафари намояндагони МСМ ба Тоҷикистон аст. Қаблан аз сафари як ҳайати соҳибкорон аз вилояти Қурғони Русия ба Бохтар хабар дода шуда буд.
Дар ҷараёни сафар русҳо аз як қатор корхонаҳои маҳаллӣ, биржаи тамосҳои корӣ ва намояндагии тиҷории Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дидан карданд.