https://sputnik.tj/20221129/tojikiston-roh-rasidan-subot-afghoniston-nishon-1053136116.html
Тоҷикистон роҳи расидан ба субот дар Афғонистонро нишон дод
Тоҷикистон роҳи расидан ба субот дар Афғонистонро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе дар ҳошияи "Гуфтугӯи амнияти Ҳирот" зикр гардид, равандҳое, ки дар он кишвар рух медиҳанд, ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузоранд
2022-11-29T12:30+0500
2022-11-29T12:30+0500
2022-11-29T12:35+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046397_0:114:2921:1757_1920x0_80_0_0_fb3277fc7a471d44bd140194d6fc8c95.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Амният ва субот дар Афғонистон барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, гуфт Фарҳод Салим муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи “Гуфтугӯи амнияти Ҳирот”, ки дар Душанбе ҷараён дорад.Ба таъкиди дипломати тоҷик, равандҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, бешубҳа ба вазъи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ амният ва суботи Афғонистон барои тамоми минтақа басо муҳим аст.Фарҳод Салим роҳи таъмин гардидани оромӣ дар ин кишварро дар таъсиси ҳукумати фарогир мебинад.Дар идома намояндаи ВУХ таъкид намуд, ки Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне таъмини сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи нерӯҳои миллию сиёсӣ, инчунин эҷоди як низомӣ сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷавобгӯ ба манфиати ҳамагон зарур медонад.Бояд гуфт, дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ҳудуди 120 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат доранд. Ба ин конфронс раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд ва намояндаҳои толибҳо низ даъват шудаанд. Барномаи ду рӯз идома хоҳад кард.Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст. Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани толибҳо баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.
https://sputnik.tj/20221129/tojikiston-afzoish-guruhho-terroristi-afghoniston-nigaron-1053135338.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046397_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_2d3873f4d60ac22627c65bef36306c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон афғонистон
Тоҷикистон роҳи расидан ба субот дар Афғонистонро нишон дод
12:30 29.11.2022 (Навсозишуда: 12:35 29.11.2022) Дар Душанбе дар ҳошияи "Гуфтугӯи амнияти Ҳирот" зикр гардид, равандҳое, ки дар он кишвар рух медиҳанд, ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузоранд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Амният ва субот дар Афғонистон барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, гуфт Фарҳод Салим муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи “Гуфтугӯи амнияти Ҳирот”, ки дар Душанбе ҷараён дорад.
Ба таъкиди дипломати тоҷик, равандҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, бешубҳа ба вазъи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ амният ва суботи Афғонистон барои тамоми минтақа басо муҳим аст.
Фарҳод Салим роҳи таъмин гардидани оромӣ дар ин кишварро дар таъсиси ҳукумати фарогир мебинад.
“Мо муътақидем, ки таъсиси воқеан ҳукумати фарогир бо инъикоси манфиаҳои тамоми гурӯҳҳои асосии қавмии Афғонистон яке аз омилҳои асосии расидан ба амнияту субот дар ин кишвар мебошад", - изҳор дошт ӯ.
Дар идома намояндаи ВУХ таъкид намуд, ки Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне таъмини сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи нерӯҳои миллию сиёсӣ, инчунин эҷоди як низомӣ сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷавобгӯ ба манфиати ҳамагон зарур медонад.
Бояд гуфт, дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ҳудуди 120 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат доранд. Ба ин конфронс раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд ва намояндаҳои толибҳо низ даъват шудаанд. Барномаи ду рӯз идома хоҳад кард.
Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст. Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани толибҳо баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.