https://sputnik.tj/20221130/dushanbe-hazor-nihol-shinond-1053168261.html
Дар Душанбе қариб 60 ҳазор ниҳол шинонда мешавад
Дар Душанбе қариб 60 ҳазор ниҳол шинонда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик нақшаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе барои тирамоҳу баҳори соли равонро тасдиқ карда, таъкид мекунанд, ки ниҳолҳои солҳои қаблӣ хуб сабзиш доранд
2022-11-30T14:00+0500
2022-11-30T14:00+0500
2022-11-30T14:00+0500
дар тоҷикистон
ниҳолшинонӣ
ғалаба
дарахтон
кумитаи ҳифзи муҳити зист
душанбе
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/17/1028371741_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_1d89508e3db35594972595b43385fdd9.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе шинондани зиёда аз 58 ҳазор ниҳол пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ин теъдод ниҳол аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист шинонда хоҳанд шуд. Манбаъ афзуд, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии Шерализода Баҳодур алакай дар ҳудуди муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал" чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳоро омода кардаанд. Таъкид шудааст, ки навъи дарахтон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 вобаста ба мавзеъ мувофиқ интихоб карда мешаванд. Аз ҷумла дар ҳудуди Боғи Ғалаба шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст."Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад", - омадааст дар иттилоия. Таъикд гардидаст, ки ниҳолҳои қаблан шинондашуда дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220617/sohibkoron-lipetsk-khujand-darakht-1049271557.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/17/1028371741_156:0:1976:1365_1920x0_80_0_0_bf757034f8f69198bf2f5260e64d5172.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, нақша, ниҳол, шинондан
душанбе, нақша, ниҳол, шинондан
Дар Душанбе қариб 60 ҳазор ниҳол шинонда мешавад
Мақомоти тоҷик нақшаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе барои тирамоҳу баҳори соли равонро тасдиқ карда, таъкид мекунанд, ки ниҳолҳои солҳои қаблӣ хуб сабзиш доранд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе шинондани зиёда аз 58 ҳазор ниҳол пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин теъдод ниҳол аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист шинонда хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии Шерализода Баҳодур алакай дар ҳудуди муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал" чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳоро омода кардаанд.
Таъкид шудааст, ки навъи дарахтон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 вобаста ба мавзеъ мувофиқ интихоб карда мешаванд.
Аз ҷумла дар ҳудуди Боғи Ғалаба шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъикд гардидаст, ки ниҳолҳои қаблан шинондашуда дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.