Президенти Палатаи савдои Липетск дар шаҳри Хуҷанд дарахти дӯстӣ шинонд

© Хадамоти матбуоти Раиси вилояти СуғдДарахтшинонии соҳибкорони Липетск дар Хуҷанд
Дарахтшинонии соҳибкорони Липетск дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Ин дарахтро президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Русия аз шаҳри Липетск бо худ оварда, дар шаҳри Хуҷанд шинонд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Русия дар боғи назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳол шинониданд.
Дар ин бора, хадаомти матбуотии раиси вилояти Суғд, хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ниҳолро меҳмонон аз Липетск бо худ овардаанд.
"Раҷаббой Аҳмадзода ва Анатолий Голтсов бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Суғд ва Липетск ниҳолеро, ки меҳмонон аз Липетск оварда буданд, шинонида изҳори боварӣ карданд, ки ниҳол - рамзи дӯстии ҷонибҳо ба дарахти бузург табдил хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи калони соҳибкорони вилояти Липетск барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" дар вилоят қарор доранд.
Дар ярмаркаи VIII савдои "Суғд-2022" наздики 400 меҳмон ширкат мекунад: видео
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" ҷараён дорад.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ мебошад.
Ҳамчунин, ҳадаф ҷалби сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.
Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шудааст.
"Бохтар Фуд-2022": дар Хатлон форуми байналмилалии содиротӣ баргузор мешавад
Тибқи нақша дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Дар баробари ин дар ярмарка соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ низ ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба ярмаркаи савдои "Суғд - 2022" соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон хоҳанд омад.
Лентаи хабарҳо
0