https://sputnik.tj/20221130/anjom-bozi-chempionat-jahon-pley-of-1053164242.html
Анҷоми бозиҳои рӯзи 10-уми чемпионати ҷаҳон: 4 тими дигар дар плей-оф маълум шуданд
Анҷоми бозиҳои рӯзи 10-уми чемпионати ҷаҳон: 4 тими дигар дар плей-оф маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Тими миллии Эрон ба Ватан бармегардад. Дар натиҷаи бозиҳои рӯзи 10-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар 4 иштирокчии дигари даври ҳаштякниҳоӣ маълум шуданд
2022-11-30T13:26+0500
2022-11-30T13:26+0500
2022-11-30T13:31+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
эрон
има
ҷоми ҷаҳонии футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053106705_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_e3fb80a16c444fdbaaab42413f6671af.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар гуруҳи "А" тими Ҳоланд бо мизбони мусобиқа - Қатар вориди майдон шуда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз баромад. Ҳамин тариқ тавре пешгӯӣ мешуд, ҷои аввалро дар гурӯҳи "А" мунтахаби Ҳолланд ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Сабқат барои роҳхати дигар аз гуруҳи "А" миёни тимҳои мунтахаби Сенегал ва Эквадор сурат гирифт. Дар ин давр барои Эквадор ҳисоби мусовӣ қонеъкунанда буд, дар ҳоле ки ба Сенегал танҳо ғалаба лозим буд. Дар пайи сабқат Сенегал тавонист бо ҳисоби 2:1 бар Эквадор пирӯз шавад ва бори аввал давоми 20 соли охир ба плей-оф роҳ ёфт. Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Сенегал барои аввалин бор соли 2002 ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта буду зиёда аз ин ба чорякфинал расида буд. Дар бозиҳои гуруҳи "В" тими Эрону ИМА сабқат карданд. Барои ба даври 1/8 финал баромадани тими Эрон барояшон басанда буд, ки аз амрикоиҳо мағлуб нашаванд. Аммо дар охири нимаи аввал, ИМА тавонист голро вориди дарвозаи Эрон кунад. Муаллифи гол Кристиан Пулишич шуд ва бозӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Тими Эрон барои бори аввал дар таърихаш имкон дошт, ба даври ҳаштякниҳоии ҷоми ҷаҳон барояд, аммо бахташ омад накард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои аввалин бор аз соли 2014 ба ин сӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ бозӣ мекунад. Дар бозии дигари гуруҳ мунтахаби Инглисистон тими Уэлсро бо ҳисоби 0:3 мағғлуб кард. Тими мағлуб таҳти роҳбарии Роб Пейҷ чемпионатро тарк мекунад. Инглисистон аз мақоми аввали гуруҳ ба ҳаштякниҳоӣ баромад. Маврид ба зикр аст, ки 30 ноябр бозиҳо дар гуруҳҳои "C" ва "D" баргузор мешаванд. Дар ин рӯз Тунис — Фаронса, Австралия — Дания, Лаҳистон — Аргентина, Арабистони Саудӣ — Мексика бозӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20221129/natija-boziho-jom-jahon-2022-1053133953.html
эрон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053106705_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_816bd96267fec4f14967e1bd724570f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, бозӣ, рӯз, ҷоми ҷаҳон, бурд, бохт
натиҷа, бозӣ, рӯз, ҷоми ҷаҳон, бурд, бохт
Анҷоми бозиҳои рӯзи 10-уми чемпионати ҷаҳон: 4 тими дигар дар плей-оф маълум шуданд
13:26 30.11.2022 (Навсозишуда: 13:31 30.11.2022) Тими миллии Эрон ба Ватан бармегардад. Дар натиҷаи бозиҳои рӯзи 10-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар 4 иштирокчии дигари даври ҳаштякниҳоӣ маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар гуруҳи "А" тими Ҳоланд бо мизбони мусобиқа - Қатар вориди майдон шуда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз баромад. Ҳамин тариқ тавре пешгӯӣ мешуд, ҷои аввалро дар гурӯҳи "А" мунтахаби Ҳолланд ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Сабқат барои роҳхати дигар аз гуруҳи "А" миёни тимҳои мунтахаби Сенегал ва Эквадор сурат гирифт. Дар ин давр барои Эквадор ҳисоби мусовӣ қонеъкунанда буд, дар ҳоле ки ба Сенегал танҳо ғалаба лозим буд. Дар пайи сабқат Сенегал тавонист бо ҳисоби 2:1 бар Эквадор пирӯз шавад ва бори аввал давоми 20 соли охир ба плей-оф роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Сенегал барои аввалин бор соли 2002 ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта буду зиёда аз ин ба чорякфинал расида буд.
Дар бозиҳои гуруҳи "В" тими Эрону ИМА сабқат карданд. Барои ба даври 1/8 финал баромадани тими Эрон барояшон басанда буд, ки аз амрикоиҳо мағлуб нашаванд. Аммо дар охири нимаи аввал, ИМА тавонист голро вориди дарвозаи Эрон кунад. Муаллифи гол Кристиан Пулишич шуд ва бозӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Тими Эрон барои бори аввал дар таърихаш имкон дошт, ба даври ҳаштякниҳоии ҷоми ҷаҳон барояд, аммо бахташ омад накард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои аввалин бор аз соли 2014 ба ин сӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ бозӣ мекунад.
Дар бозии дигари гуруҳ мунтахаби Инглисистон тими Уэлсро бо ҳисоби 0:3 мағғлуб кард. Тими мағлуб таҳти роҳбарии Роб Пейҷ чемпионатро тарк мекунад. Инглисистон аз мақоми аввали гуруҳ ба ҳаштякниҳоӣ баромад.
Маврид ба зикр аст, ки 30 ноябр бозиҳо дар гуруҳҳои "C" ва "D" баргузор мешаванд. Дар ин рӯз Тунис — Фаронса, Австралия — Дания, Лаҳистон — Аргентина, Арабистони Саудӣ — Мексика бозӣ хоҳанд кард.