https://sputnik.tj/20221129/volodin-mirziyoev-hamkori-rusiya-uzbekiston-1053130116.html
Володин ва Мирзиёев ҳамкории Русияву Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
Володин ва Мирзиёев ҳамкории Русияву Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумури Ӯзбекистон дар дидор бо раиси Думаи давлатии Русия дар шаҳри Тошканд ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ намуданд
2022-11-29T09:00+0500
2022-11-29T09:00+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
иқтисод
вячеслав володин
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048213188_0:0:3211:1807_1920x0_80_0_0_97075f6f1f11d3123fee297aa793e722.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тошканд дидору гуфтугӯ карданд, итилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамкориҳои Русия ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин рушди равобит дар сатҳи байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.Ҳайати парлумони Русия таҳти раҳбарии раиси Думаи давлатӣ рӯзҳои 27-28 ноябр бо як сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад."Володин бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, ба ӯ саломи раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро расонд. Мо масоили ҳамкориҳои кишварҳоямон, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардем", — омадааст дар хабари дафтари матбуоти Думаи давлатӣ.Мирзиёев ва Володин 16 сентябри соли 2019 дар Тошканд мулоқот карда буданд, ки дар он ҷонибҳо аҳамияти идомаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишварро қайд карданд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири иқтисоди Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки табодули коло миёни Русия ва кишварҳои дигари ИДМ дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 ба 73 млрд доллар расид.Ба гуфтаи вай, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7% бештар аст. Қисми назарраси гардиши мол ба се шарики асосии Русия дар ИДМ рост меояд.
https://sputnik.tj/20221128/gusfand-dandon-gurg-volodin-osiyoi-miyona-1053123694.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048213188_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_05a53320536f2a30346f59875a445b5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, тошканд, ҳамкорӣ, сиёсат, иқтисод, дума, вакилон
тоҷикистон, ӯзбекистон, тошканд, ҳамкорӣ, сиёсат, иқтисод, дума, вакилон
Володин ва Мирзиёев ҳамкории Русияву Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
09:00 29.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Раисҷумури Ӯзбекистон дар дидор бо раиси Думаи давлатии Русия дар шаҳри Тошканд ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тошканд дидору гуфтугӯ карданд, итилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамкориҳои Русия ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин рушди равобит дар сатҳи байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
Ҳайати парлумони Русия таҳти раҳбарии раиси Думаи давлатӣ рӯзҳои 27-28 ноябр бо як сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад.
"Володин бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, ба ӯ саломи раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро расонд. Мо масоили ҳамкориҳои кишварҳоямон, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардем", — омадааст дар хабари дафтари матбуоти Думаи давлатӣ.
Мирзиёев ва Володин 16 сентябри соли 2019 дар Тошканд мулоқот карда буданд, ки дар он ҷонибҳо аҳамияти идомаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишварро қайд карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири иқтисоди Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки табодули коло миёни Русия ва кишварҳои дигари ИДМ дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 ба 73 млрд доллар расид.
Ба гуфтаи вай, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7% бештар аст. Қисми назарраси гардиши мол ба се шарики асосии Русия дар ИДМ рост меояд.