https://sputnik.tj/20221129/tojikiston-afzoish-guruhho-terroristi-afghoniston-nigaron-1053135338.html
Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст
Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст
Sputnik Тоҷикистон
Феълан дар Афғонистоннамояндагони созмону ташкилотҳои, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гардидапнд, ба таври фарогир ҳузур доранд 29.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-29T12:00+0500
2022-11-29T12:00+0500
2022-11-29T12:14+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_78be3d4f3a7880c17ff99564c4dfe0e5.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Душанбе бори дигар як конфронси васеъ -"Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" вобаста ба вазъи Афғонистон ҷараён дорад.Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Фарҳод Салим, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дорад, изҳор намуд, ки вазъи мавҷудаи Афғонистон, Тоҷикистонро бисёр нигарон намудааст.Ӯ аз ҷумла аз фаъолгаштан ва афзоиш ёфтани аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.Дипломати тоҷик аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси камарбанди амниятӣ атрофи Афғонистонро ниҳоят муҳим арзёбӣ кард.Ба боварии ӯ, таъсиси камарбанди амниятӣ ба мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон бароянда, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои назди сарҳадии он кишвар нигаронида шудааст.Дар идома ӯ гуфт, новобаста ба хавфу хатаре, ки созмонҳои болозикр ба вуҷуд меоранд, набояд аз тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон фориғбол буд.Ӯ қайд намуд, ки Тоҷикистон бо пешниҳод намудани иқтидору зарфиятҳои логистикии худ ҷиҳати кумакҳои башардӯстона ҳам тавассути сохторҳои гуногуни СММ ва аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ омодагӣ мебинад."Он пулҳое, ки мавҷуданд тавассути рӯдхонаи Панҷ дар мари Афғонистону Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки борҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар интиқол дода шаванд", - таъкид намуд Фарҳод Салим.Ӯ мегӯяд, ба эътидол омадани сулҳу субот дар Афғонистон яке аз шартҳои асосии таъмини амнияту осоиши минтақа аст.* созмонҳои террористие, ки фаъолияти онҳо дар Русия ва Тоҷикистон манъ аст
https://sputnik.tj/20220110/hushdor-rahmon-marz-gila-qabul-1044677688.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_f84f9a0dbf754d485a0b41b3633a7e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, афғонистон, амният ва мудофиа
Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст
12:00 29.11.2022 (Навсозишуда: 12:14 29.11.2022) Феълан дар Афғонистоннамояндагони созмону ташкилотҳои, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гардидапнд, ба таври фарогир ҳузур доранд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Душанбе бори дигар як конфронси васеъ -"Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" вобаста ба вазъи Афғонистон ҷараён дорад.
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Фарҳод Салим, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дорад, изҳор намуд, ки вазъи мавҷудаи Афғонистон, Тоҷикистонро бисёр нигарон намудааст.
Ӯ аз ҷумла аз фаъолгаштан ва афзоиш ёфтани аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
“Дар Афғонистон ба таври фарогир намояндагони Ал-Қоида*, Давлати исломӣ*, Ҷамоати Ансоруллоҳ*, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ*, Таҳрики толибони Покистон ва ғайра ҳузур доранд", - изҳор дошт муовини Вазири умури хориҷӣ.
Дипломати тоҷик аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси камарбанди амниятӣ атрофи Афғонистонро ниҳоят муҳим арзёбӣ кард.
Ба боварии ӯ, таъсиси камарбанди амниятӣ ба мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон бароянда, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои назди сарҳадии он кишвар нигаронида шудааст.
Дар идома ӯ гуфт, новобаста ба хавфу хатаре, ки созмонҳои болозикр ба вуҷуд меоранд, набояд аз тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон фориғбол буд.
Ӯ қайд намуд, ки Тоҷикистон бо пешниҳод намудани иқтидору зарфиятҳои логистикии худ ҷиҳати кумакҳои башардӯстона ҳам тавассути сохторҳои гуногуни СММ ва аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ омодагӣ мебинад.
"Он пулҳое, ки мавҷуданд тавассути рӯдхонаи Панҷ дар мари Афғонистону Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки борҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар интиқол дода шаванд", - таъкид намуд Фарҳод Салим.
Ӯ мегӯяд, ба эътидол омадани сулҳу субот дар Афғонистон яке аз шартҳои асосии таъмини амнияту осоиши минтақа аст.
* созмонҳои террористие, ки фаъолияти онҳо дар Русия ва Тоҷикистон манъ аст