Аз ҷайби духтаре, ки худро дар Душанбе аз ошёнаи 10- ум партофт, мактуб ёфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
Марҳум, ки зодаи ноҳияи Нуробод мебошад ва феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебарад, дар мактубаш навиштааст, ки аз касе шикоят надорад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ҷавондухтари 20-сола даст ба худкушӣ зад, хабар медиҳад Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар пойтахт.
Бар хабари манбаъ, марҳум зодаи ноҳияи Нуробод буда, муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебурд.
Вале ҷасадаш аз поёни бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансур пайдо шуд.
Манбаъ меафзояд, пас аз дастрас кардани хабарӣ фаврӣ кормандони милитсия зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷисми беҷони духтари ҷавон, ки ба эҳтимоли зиёд худкушӣ кардааст, дарёфт намуданд.
Девушка у окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Ҷавондухтаре дар Душанбе хост, худро аз боми бинои 16-ошёна партояд
Гуфта мешавад, марҳум аз ошёнаи 10-уми бинои №52/46 дар кӯчаи С.Айнӣ баромада, ба воситаи тиреза худро ба замин партофтаст.
Зимнан, аснои азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте ба мазмуни “аз касе шикоят надорам” дарёфт гардидааст.
Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуданд ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур санҷиш ҷараён дорад.
Қаблан чунин ҳодиса дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе рух дод буд. Вале он замон кормандони КҲФ тавонистанд, ҷавондухтари 25-сола, сокини шаҳри Бохтарро аз марг наҷот диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0