https://sputnik.tj/20220928/javondukhtarr-dushanbe-bom-1051726001.html
Ҷавондухтаре дар Душанбе хост, худро аз боми бинои 16-ошёна партояд
Ҷавондухтаре дар Душанбе хост, худро аз боми бинои 16-ошёна партояд
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти шабонаи наҷоти ҷавондухтар дар Душанбе, ки қасди худкушӣ доштааст, аз ҷониби масъулини КҲФ Тоҷикистон бо муваффақият анҷомидаст
2022-09-28T12:00+0500
2022-09-28T12:00+0500
2022-09-28T12:00+0500
дар тоҷикистон
худкушӣ
кҳф
душанбе
ҷавонзан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031616912_170:0:1148:550_1920x0_80_0_0_a0d86c28e52ef98173147af0cba23ae3.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зани ҷавоне нимаи шаби гузашта дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе аз бинои бисёрошёнае хостааст, худро ба замин андозад. Ба иттилои КҲФ, тақрибан соати 02:39 дақиқа ба қисми навбатдории ин ниҳод маълумот ворид гардид, ки зане дар кӯчаи Сино, бинои рақами 56 таҳдид дорад, ки худро мекушад. Таъкид шудааст, ҷавонзан дар боми бинои 16-ошиёна қарор дораду кумаки наҷотдиҳандагони КҲФ дархост карда шудааст. Манбаъ афзуд, ки равошиноси гуруҳи наҷотдиҳӣ бо духтар суҳбат ороста таваҷҷуҳашро тарафи худ кашид ва гуруҳи дигар тавонистаанд ӯро аз лаби бом канор баранд. Бар асоси иттилои аввалия, сабаби ин кор нофаҳмиҳои оилавӣ будаанд, аммо дақиқан ин ҳолатро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон 108 ҳолати худкушии занон сабт шудааст. Бар асоси омори ироашуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50 ҳолат камтар аст.
https://sputnik.tj/20220802/tojikiston-zanoni-sughd-khudkushi-1050445214.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031616912_292:0:1025:550_1920x0_80_0_0_84d7575b7da292f8ab7841555c8de776.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷот, зан, қасд, худкушӣ
наҷот, зан, қасд, худкушӣ
Ҷавондухтаре дар Душанбе хост, худро аз боми бинои 16-ошёна партояд
Амалиёти шабонаи наҷоти ҷавондухтар дар Душанбе, ки қасди худкушӣ доштааст, аз ҷониби масъулини КҲФ Тоҷикистон бо муваффақият анҷомидаст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зани ҷавоне нимаи шаби гузашта дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе аз бинои бисёрошёнае хостааст, худро ба замин андозад.
Ба иттилои КҲФ, тақрибан соати 02:39 дақиқа ба қисми навбатдории ин ниҳод маълумот ворид гардид, ки зане дар кӯчаи Сино, бинои рақами 56 таҳдид дорад, ки худро мекушад.
Таъкид шудааст, ҷавонзан дар боми бинои 16-ошиёна қарор дораду кумаки наҷотдиҳандагони КҲФ дархост карда шудааст.
"Баъди ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ҷавонзан, сокини 25-солаи шаҳри Бохтар мебошад, ки дар лаби боми бино истода касеро наздик омадан намемонаду таҳдиди худкушӣ дорад", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки равошиноси гуруҳи наҷотдиҳӣ бо духтар суҳбат ороста таваҷҷуҳашро тарафи худ кашид ва гуруҳи дигар тавонистаанд ӯро аз лаби бом канор баранд.
Бар асоси иттилои аввалия, сабаби ин кор нофаҳмиҳои оилавӣ будаанд, аммо дақиқан ин ҳолатро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон 108 ҳолати худкушии занон сабт шудааст. Бар асоси омори ироашуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50 ҳолат камтар аст.