https://sputnik.tj/20221129/hamkorihoi-farhangi-tojikiston-turkmaniston-gustarish-1053150868.html
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ишқобод масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахши фарҳанг ва санъат баррасӣ шуд
2022-11-29T19:00+0500
2022-11-29T19:00+0500
2022-11-29T19:00+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
фарҳанг
ҳамкорӣ
равобит
ашқобод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053150708_0:1:507:286_1920x0_80_0_0_1a0aa6ec5b314ca082c6f67f5215629e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар дидор бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова дар шаҳри Ишқобод масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳо дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъатро баррасӣ кард, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанг.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор таъкид шудааст, ки баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни муштараки фарҳангӣ заминаи мусоид барои рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Тоҷикистону Туркманистон мегардад.“Дар вохӯрӣ масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - хабар додааст манббаъ.Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр дар Кохи Макоми шаҳри Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардид, ки дар он барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.Инчнин 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба тамошо гузошта шуд.Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз22 то 26 ноябри соли равон баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20221121/barguzori-ruzhoi-farhang-tojikiston-turkmaniston-1052970870.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053150708_0:0:507:380_1920x0_80_0_0_e2b923dde5793b61e48e54e6684a6746.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, фарҳанг, ҳамкорӣ, густариш, ишқобод, санъат, вазири фарҳанг
тоҷикистон, туркманистон, фарҳанг, ҳамкорӣ, густариш, ишқобод, санъат, вазири фарҳанг
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд
Дар Ишқобод масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахши фарҳанг ва санъат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар дидор бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова дар шаҳри Ишқобод масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳо дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъатро баррасӣ кард, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанг.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор таъкид шудааст, ки баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни муштараки фарҳангӣ заминаи мусоид барои рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Тоҷикистону Туркманистон мегардад.
“Дар вохӯрӣ масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - хабар додааст манббаъ.
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр дар Кохи Макоми шаҳри Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардид, ки дар он барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.
Инчнин 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба тамошо гузошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз22 то 26 ноябри соли равон баргузор гардид.